Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар хушунатҳои Сурия беш аз 30 кас ҷон бохтаанд


Ба гуфтаи фаъолон, рӯзи якшанбе дар хушунатҳои Сурия беш аз 30 тан кушта шудаанд. Дидабони ҳуқуқи башари Сурия, мақараш дар Бритониё, гуфт, 7 ғайринизомӣ дар Ҳумс – як маркази умдаи эътирозҳо алайҳи режими раисиҷумҳур Башор Асад ҷон бохтанд. 7 тани дигар дар ҳамин рӯз дар шаҳрҳои дигар ҷон бохта, дар даргириҳо бо сарбозони фирорие , ки аз тирандозӣ алайҳи эътирозгарон даст кашидаанд, 17 низомӣ ҳалок шуданд. Телевизиони Сурия гуфт, 17 маъмури амниятиро дар Ҳамо ва Ҳумсу Идлиб куштаанд. ИА гуфт, таҳримоташ алайҳи Сурияро боз ҳам шадидтар хоҳад кард. Ба ҳисоби СММ, аз моҳи март ба ин сӯ, дар ҷараёни саркӯбии эътирозҳои Сурия беш аз 2900 нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG