Дар чанд ҷумла
Ҳалокати 19 нафар дар тазоҳуроти насрониҳои Миср
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Боздошти як мард, ки аз муҳоҷирони тоҷик ба зӯр пул меситонд
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як мард хабар дод, ки ба қавли ин ниҳод, бо озору азияти муҳоҷирони тоҷик машғул будааст.
Шаҳриёр Ҷабборов, сокини 25-солаи шаҳри Душанбе ба он муттаҳам мешавад, ки дар ҳудуди вилояти Маскави Русия ба муҳоҷирони тоҷик фишор оварда бо таҳдид аз онҳо дар ҳаҷми аз панҷ то 20 ҳазор рубл меситонидааст.
Ҷабборов худро ҳамчун муҳофизи муҳоҷирони тоҷик нишон дода, вале ба гуфтаи мақомот, ҳар нафаре, ки аз гапаш берун мерафтааст, бо рафиқони худ бо роҳи фишор ва лату куб аз онҳо пул меситонидааст.
Дар барномаи телевизионии Вазорат, ки рӯзи 11-уми декабр нашр шуд, чанде аз ҷабрдидагон шаҳодат медиҳанд, ки Ҷабборов ба ҳайси нигаҳбон ё "смотряший"- и ин минтақа бояд аз ҳар тоҷик 50 ҳазор рубл мегирифтааст.
Дар сурати муваффақ нашудан, ба гуфтаи ҷабрдидаҳо, Ҷабборов бо лату куб ва таҳдиди марг аз онҳо пул дарёфт мекардааст.
Худи Шаҳриёр Ҷабборов зимни бозпурсӣ, ки маълум нест таҳти кадом шароит сабт шудааст, иқрор мешавад, ки муҳоҷирони тоҷикро аз ҷойи корашон пайдо карда, бо таҳдиду зӯрӣ пул меситонд.
Ҳоло Шаҳриёр Ҷабборов дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.
Як зодаи Тоҷикистонро аз шаҳрвандии Русия маҳрум карданд
Дар вилояти Сахалини Русия як шаҳрванди 20-солаи Тоҷикистонро, ки худро дар қисми ҳарбӣ сабти ном накард, аз шаҳрвандии Русия маҳрум карданд. Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Русия хабар додааст.
Номи ин ҷавон оварда нашудааст, аммо гуфта мешавад, ки ӯ ҳанӯз се моҳ қабл дар моҳи августи соли равон шаҳрвандии Русияро гирифта буд. Қарор дар бораи бекор кардани шаҳрвандии ӯро Раёсати муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилӣ содир кардааст.
"Шиносномаи Русия, ки ба ин ҷавон дода шудааст, беэътибор дониста шуд ва ӯ муваззаф аст, қаламрави кишвари моро тарк кунад, зеро вай асосҳои қонунии будубошро дар он ҷо аз даст додааст", - омадааст дар изҳороти мақомоти Русия.
Моҳи августи соли 2024 раисиҷумҳури Русия Владимир Путин қонун дар бораи бақайдгирии ҳатмии ҳарбӣ пас аз гирифтани шаҳрвандии Русияро имзо кард. Риоя накардани ин талабот асос барои маҳрум кардан аз шаҳрвандии Русия мегардад. Ин қонун асосан ба муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ дахл дорад.
Тирамоҳи соли гузашта раиси Кумитаи тафтишоти Федератсияи Русия Александр Бастрикин пешниҳод кард, то муҳоҷироне, ки дар ҷанг алайҳи Украина иштирок кардан намехоҳанд, аз шаҳрвандӣ маҳрум карда шаванд.
Пас аз ин изҳороти раиси Кумитаи тафтишот, рейдҳо алайҳи муҳоҷирон дар Русия бештар шуд. Нерӯҳои амниятӣ муҳоҷирони шаҳрвандии Русия доштаро боздошт карда, дар артиш сабти ном кардаанд.
Моҳи декабри соли гузашта гузоришҳо ба нашр расида буданд, ки шаҳрвандони хориҷӣ барои саркашӣ аз сабти номи ҳарбӣ аз шаҳрвандии Русия маҳрум шудаанд.
Осорхонаи Айнӣ дар феҳристи маконҳои сайёҳии Бухоро
Осорхонаи Садриддин Айнӣ, сардафтари адабиёти муосири тоҷик, дар Соктареи ноҳияи Ғиждувон ба феҳристи маконҳои сайёҳии вилояти Бухоро дохил шудааст.
Дар ин бора сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Тошканд рӯзи 11-и декабр хабар дод.
“Ин иқдом дар арафаи ҷашни 150-солагии фарзанди барӯманди халқи тоҷик устод Садриддин Айнӣ тӯҳфаи муносиб мебошад,” – навишт сафорат дар саҳифааш дар Фейсбук.
Ба иттилои манбаъ, раисҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев қарорро дар ин замина рӯзи 5-уми декабр имзо кардааст.
Радиои Озодӣ соли 2023 дар бораи вазъи осорхонаи Садриддин Айнӣ дар Соктаре гузориш дода буд.
Садриддин Айнӣ муаллифи даҳҳо асари манзуму мансури таърихист, ки дар нашриёти Тоҷикистон чанд сол пеш онро дар Куллиёти 15-ҷилдӣ мунташир карданд.
Моҳи сентябри соли 1998 бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон ба ӯ унвони Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд ва аксаш бар рӯйи пули 5 сомонӣ ҷой гирифт. Дар Узбекистон ҳам ӯро ҳамчун саромади адабиёти навини ин кишвар мешиносанд.
Ба фарқ аз осорхонаи Айнӣ дар Самарқанду Бухоро, соли 2021 тибқи нақшаи шаҳрсозӣ қарор буд осорхонаи Садриддин Айнӣ дар Душанбе вайрон гардад. Иддае аз равшанфикрони тоҷик ва масъулони чаҳор созмони эҷодӣ бо пойфишорӣ, монеи вайрон кардани ин хона-музей гардиданд.
Ҷасади шаш узви як оиларо дар Конибодом дафн карданд
Шаш узви оилаи Неъматовҳоро рӯзи 11-уми декабр дар деҳаи Шӯробқалъаи Конибодом (вилояти Суғд) дафн карданд.
Ҷасади Наимҷон Неъматови 37-сола, ҳамсараш Нафиса Неъматоваи 33-сола ва фарзандонаш Аминаи 13-сола, Фотима ва Зӯҳрои 10-сола ва Муҳаммадюсуфи 2-сола шаби ҳаштуми декабр дар хонаашон ёфт шуд.
Ба нақли пайвандон, мақомот пештар онҳоро барои санҷиши пизишкиву додгоҳӣ ба шаҳри Хуҷанд бурда буданд.
Бо гузашти се рӯз мақомот на хабари ҳодисаро доданд, на тафсилоти марги мармузи онҳоро ошкор карданд. Сокинон дар минтақа нигаронанд.
Як манбаи боварбахш дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи чоршанбе гуфт, ки таҳқиқ ба зиммаи муфаттишони Додситонӣ гузошта шудааст.
Куштори хонаводаи Неъматовҳо дар ҳолест, ки шаҳри Конибодом бештар аз як сол боз бо чунин ҳодисаҳо дар сархати расонаву шабакаҳои иҷтимоӣ қарор гирифтааст. Дастикам чанд аъзои шаш оила дар ин минтақа бо аломатҳои қасдан ба ҳалокат расондан ёфт шудаанд.
Масъулони мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, қисме аз чунин ҳодисаҳо ба ҷанҷолҳои хонаводагӣ рабт доштанд ва таҳқиқи дигар ҳодисаҳо идома дорад. Дар як маврид аз даст доштани як нафар ё гурӯҳи беруна суҳбат шуда буд.
Қонуни баҳсбарангез қабул шуд. Мушкили нави муҳоҷирон дар Русия
Думаи давлатии Русия қонуни баҳсбарангезеро қабул кард, ки таҳсили фарзандони муҳоҷиронро дар мактабҳои Русия манъ мекунад.
Дар ин бора Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатӣ, рӯзи 11-уми декабр дар Телеграм хабар дод.
Иҷрои қонуни нав бояд аз аввали моҳи апрел сар шавад. Бар асоси он, фарзандони муҳоҷирон бе донистани забони русӣ ба мактабҳо пазируфта намешаванд.
Аз 410 вакил фақат як нафар ба зидди қонун рой дода, боқимонда аз он тарафдорӣ кардаанд. Володин гуфтааст, ҳангоми қабул ба мактаб минбаъд дар баробари донистани забони русӣ, қонунӣ будани ҳузури кӯдакон дар Русия ҳам санҷида мешавад
Пештар Думаи давлатии Русия бо нашри натиҷаҳои як таҳлил гуфта буд, 41 дар сади фарзандони муҳоҷирон дар ин кишвар бо забони русӣ мушкил доранд. Аммо дар ду минтақаи Русия ба қабули чунин қонун зид баромада, гуфта буданд, ки кӯдакони дур аз мактаб ба тоифаи ҷинояткорон хоҳанд пайваст.
Муҳоҷирони зиёд аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, чанд моҳ боз аз он шикоят доранд, ки дархости онҳо барои қабули фарзандонашон ба мактабҳои Русия рад мешавад.
Як зани муҳоҷир аз Тоҷикистон моҳи ноябр бо муроҷиат ба Радиои Озодӣ гуфт, вақте хост, фарзандонашро дар Самара аз як мактаб ба мактаби дигар барад, онҳоро қабул накарданд ва ба ӯ дастур доданд, ки зудтар бо кӯдакон Русияро тарк кунад.
Русия мизбони бештар аз 1 миллион муҳоҷири кории тоҷик аст ва қонуни нав зиндагии ҳазорон нафари онҳоро, ки мехоҳанд фарзандонашонро аз худ дур накунанд, сахттар хоҳад кард.
Дархости як эътилофи мухолифини тоҷик аз ВКХ-и Фаронса
Як эътилофи мухолифи ҳукумати Тоҷикистон аз масъулони Вазорати корҳои хориҷии Фаронса хостааст, ки дар мулоқот бо ҳамтоёни худ аз Душанбе вазъи зиндониҳои сиёсӣ, саркӯби мухолифону фаъолон, тақвияти фасод ва ҳукумати хонаводагиро “ба таври ҷиддӣ” дар миён гузоранд.
Дидору суҳбати ҳайатҳои ВКХ-и Тоҷикистон ва Фаронса рӯзи 12-уми декабр дар Порис (Париж) дар назар аст.
Паймони миллии Тоҷикистон, эътилофи се созмони мухолиф, мегӯяд, номаашро дар ин бора рӯзи 10-уми декабр ба Матие Комб (Matthieu Combe), муовини мудири шуъбаи Қафқоз ва Осиёи Марказӣ дар ВКХ-и Фаронса, фиристод.
Матие Комб дар моҳи ноябри имсол барои ҳамоҳанг кардани нишаст ба Тоҷикистон рафта буд.
"Созмонҳои муътабари ҷаҳонӣ режими Раҳмонро ҷузъи даҳгонаи хашинтарин ҳукуматҳои олам шинохтаанд, ки ба мухолифин, дигарандешон ва фаъолони ҷомеъа бераҳмтарин муносибатро раво мебинад. Кишвари демократие мисли Фаронса набояд ин воқеъиятро дар робитаҳои худ бо чунин режим нодида бигирад," – гуфта шудааст дар бахше аз нома.
Намояндагони мухолифон дар гузашта низ аз кишварҳои аврупоӣ хоста буданд, ки ҳангоми суҳбат бо мақомоти Тоҷикистон масъалаи ҳуқуқи башар ва зиндониҳоро бардоранд, вале аксар вақт аз натиҷааш гузориш дода намешавад.
Фаронса як шарики муҳими Тоҷикистон дар қаламрави Иттиҳоди Аврупо дониста мешавад. Ин кишвар соли 2008 барои сохтмони терминали Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе 49 миллион евро ёрӣ кард.
То соли 2014, давоми 12 сол, дар доираи амалиёти зиддитеррористии НАТО дар Афғонистон контингенти 170-нафарии низомиёни фаронсавӣ дар фурудгоҳи Душанбе мустақар буд.
Соли 2016 дар Душанбе маркази савдои “Ашан”, нахустин гипермаркети фаронсавӣ дар Осиёи Марказӣ боз шуд. Вале мизони додугирифти ду кишвар ҳамоно дар сатҳи ночиз мемонад.
Халилураҳмон Ҳаққонӣ, вазири Толибон дар Кобул кушта шуд
Халилураҳмон Ҳаққонӣ, вазири муҳоҷирин дар ҳукумати Толибон, дар Кобул кушта шуд.
Ду манбаъ дар ҳукумати Толибон, ки нахостанд номашон фош шавад, ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ таъйид карданд, ки Халилураҳмон Ҳаққонӣ рӯзи 11-уми декабр дар як таркиш дар маҳалли кораш ҷон бохт.
Тибқи гузоришҳо, дар ин ҳодиса ҳудуди 10 нафар кушта шудааст.
Ҳукумати Толибон расман дар ин маврид чизе нагуфта, ҳеч гурӯҳ то ҳол масъулияти ҳодисаро напазируфтааст.
Халилураҳмон Ҳаққонӣ амаки Сироҷиддин Ҳаққонӣ, вазири корҳои дохилии ҳукумати Толибон ва яке аз мақомҳои баландпояи ин гурӯҳ ба шумор мерафт.
Ӯ нахустин узви баландпояи ҳукумати Толибон аст, ки пас аз бозгашти ин гурӯҳ ба қудрат дар як таркиш кушта мешавад.
Вазорати молияи Амрико дар моҳи феврали соли 2011 Халилураҳмон Ҳаққониро дар феҳристи террористҳои байнулмилалӣ ҷой дод ва як ҷоизаи 5-миллиондолларӣ барои маълумоте, ки боиси боздошти ӯ шавад, таъйин кард.
Вазорати корҳои хориҷии Амрико ҳам барои маълумоте, ки дар мавриди боздошти Халилураҳмон Ҳаққонӣ мадад кунад, панҷ миллион доллар ҷоиза эълон карда буд.
Хоманаӣ Амрико ва Исроилро масъули суқути Башор Асад донист
Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон, Амрико ва Исроилро масъули суқути режими Башор Асад дар Сурия хонд.
Вай рӯзи 11-уми декабр гуфт, "як кишвари ҳамсояи Сурия" низ дар ин рӯйдод нақши ошкор дорад.
Хоманаӣ аз кишвари ҳамсояи Сурия ном набурд, аммо ба навиштаи хабаргузории DPA-и Олмон, раҳбари олии Эрон зоҳиран Туркияро дар назар дорад.
"Бале, як давлати ҳамсояи Сурия нақши рӯшан дорад... аммо тавтегар, мағзи мутафаккир ва маркази фармондеҳӣ дар Амрико ва режими саҳюнистӣ ҳастанд," – афзуд ӯ.
Эрон ва Русия аз пуштибонҳои асосии Башор Асад дар Сурия буданд.
"Ҳайат Таҳрир аш-Шом" (Амрико ва баъзе аз кишварҳои дигар террористӣ медонанд) ва муттаҳидонаш, ки баъзе аз онҳо бо Туркия иртибот доранд, рӯзи 8-уми декабр Башор Асадро аз қудрат дар Сурия барканор карданд.
Башор Асад аз соли 2000-ум то 8-уми декабри 2024 дар қудрат буд. Пеш аз он, падараш Ҳофиз Асад, 29 сол бар Сурия раҳбарӣ кардааст.
Дар ҳамлаи Русия ба як шифохонаи Украина 7 кас кушта шуд
Шумораи кушташудагон дар ҳамлаи Русия ба як шифохона дар шаҳри Запорожйеи Украина ба шаш нафар расидааст.
Дар ин бора Хадамоти ҳолатҳои фавқулодаи Украина рӯзи 11-уми декабр хабар дод.
Манбаъ гуфтааст, дастикам 22 нафар захмӣ шуданд ва амалиёти наҷот идома дорад.
Волии Запорожйе дар Телеграм навишт, ки ду занро аз зери вайронаҳо берун оварда, дар бемористон ҷой карданд.
Иван Федоров афзуд, гумон меравад, чаҳор нафари дигар то ҳол зери харобаҳо ҳастанд.
Русия дар оғози фасли зимистон ҳамлаҳоро бо мушаку ҳавопаймоҳои бесарнишин ба шаҳрҳо ва зербунёдҳои энергетикии Украина бештар кардааст.
Ин кишвар дар моҳи феврали соли 2022 бедалел ба хоки Украина таҷовуз кард. Даргирӣ аз он замон идома дорад.
Аз донишҷӯёни туркман хостанд, ки Соли навро ҷашн нагиранд
Дар Туркманистон аз донишҷӯён ва толибилмон забонхат гирифтаанд, ки Соли нави мелодиро ҷашн намегиранд.
Тавре хабарнигори "Озодлик" хабар медиҳад, аз донишҷӯён дар бораи ҷашн нагирифтани шаби Соли нав дар қаҳвахона ё хона ва инчунин барои сайру гашт ба шаҳр набаромадан, забонхат гирифтаанд.
Аммо мақомот аз донишҷӯён талаб кардаанд, ки дар чорабиниҳое, ки мақомот бахшида ба ин рӯзҳо ташкил мекунанд, ширкат кунанд. Дар сурати риоя нашудани ин талабот, ба донишҷӯён таҳдид шудааст, ки онҳо аз донишгоҳ ихроҷ карда мешаванд.
Қаблан хабарнигорони Радиои Озодӣ хабар дода буданд, ки дар мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳри Ишқобод ҳанӯз моҳи ноябр хонандагон дар бораи манъи таҷлили Соли нав огоҳонида шуданд.
Муаллимон бо такя ба фармоне аз Вазорати маориф, ба донишҷӯён дар бораи манъи ташкили ҷамъомад бо дӯстону наздикон иттилоъ доданд.
Бино ба гузоришҳои расонаҳои расмии Туркманистон, омодагиҳо ба таҷлили Соли нав дар авҷ буда, қарор аст чароғҳои Арчаи асосӣ дар ин кишвар рӯзи 14-уми декабр фурӯзон шаванд.
Дар Туркманистон ҳама идҳо, аз ҷумла Соли нав таҳти назорати шадиди мақомот таҷлил мешаванд.
Пешниҳоди ҷорӣ кардани виза бо Русия аз сӯи вакили узбек
Алишер Қодиров, роҳбари ҳизби "Эҳёи миллӣ" ва вакили порлумони Узбекистон пешниҳод кардааст, ки қонунҳои муҳоҷират дар ин кишвар бозбинӣ шаванд ва миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Русия низоми раводид ҷорӣ гардад.
Ӯ дар телеграмканали худ ба ҷонибдорӣ аз таҳкими қонунгузории муҳоҷират дар Русия баромад карда, аз ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ хостааст, ки барои ҷорӣ шудани низоми раводид бо Русия пуштибонӣ кунанд.
Қодиров ин изҳороташро дар пайи пешниҳоди Леонид Слутский, раиси ҳизби либерал-демократии Русия, барои таҳияи "Кодекси муҳоҷирон", баён кард.
Ба таъкиди ин вакили узбек, "дар пасманзари бесуботӣ ва эҳтимоли афзоиши ҷиддии муҳоҷирони корӣ, ки дар ояндаи наздик фаро мерасад, на танҳо Узбекистон, балки тамоми минтақаҳои Осиёи Марказӣ бояд ташаббусҳои сиёсатмадорони Русияро дар бораи вуруди муҳоҷирон бо виза дастгирӣ кунанд".
Ҳизби "Эҳёи миллӣ” яке аз панҷ ҳизби сиёсии расман сабтиномшуда дар Узбекистон буда, аз рӯи шумораи курсиҳо дар палатаи поёнии парлумони Узбекистон дар ҷои дуюм аст.
Тазоҳурот дар Олмон бо талаби баргардондани Дилмуроду Абдуллоҳ
Гурӯҳе аз зодагони Тоҷикистон дар Олмон бо баргузории тазоҳурот аз мақомоти ин кишвари аврупоӣ хостаанд, ки Дилмурод Эргашев ва Абдуллоҳи Шамсиддин, ду паноҳҷӯйи ихроҷшудаи тоҷикро аз Душанбе баргардонанд.
Тазоҳурот рӯзи 10-уми декабр дар назди Вазорати кор бо муҳоҷирони Дортмунд баргузор шудааст.
Фарҳод Одинаев, яке аз ширкатдорон, гуфт, онҳо аз шеваи ихроҷи Дилмурод Эргашев ва Абдуллоҳи Шамсиддин аз Олмон ва бархӯрди мақомоти Тоҷикистон бо онҳо ибрози нигаронӣ карданд.
“Баъзе аз ҳомиёни ҳуқуқ дар Олмон низ дар тазоҳурот ширкат ва суханронӣ доштанд. Онҳо низ талаб карданд, ки Берлин ҳардуи онҳоро аз Тоҷикистон бозпас биорад,” -- гуфт ӯ.
Бо вуҷуди ҳушдорҳо аз эҳтимоли шиканҷаву ҳабс шуданаш дар Тоҷикистон, мақомоти Олмон фаъоли мухолифон, узви пешини “Гурӯҳи 24”, Дилмурод Эргашевро моҳи октябри 2024 аз хоки ин кишвари аврупоӣ берун карданд.
Ба гузориши Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch), ҳоло ӯ дар Душанбе аст ва дар ҳабси пешакӣ.
Мақомоти Олмон дар моҳи январи соли 2023 Абдуллоҳи Шамсиддин, писари яке аз фаъолони ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро ба Душанбе фиристода буданд. Ба гузориши Дидбони Ҳуқуқи Башар, ӯ ба ҳафт сол зиндон маҳкум шудааст.
"Ҳукумат созишномаро бо Шабакаи Рушди Оқохон дароз накард"
Ҳукумати Тоҷикистон муҳлати созишнома бо Шабакаи Рушди Оқохон (АКDN)-ро, ки 31-уми октябри 2024 ба охир расид, дароз накардааст.
Чаҳор манбаи огоҳ дар Хоруғ, маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, рӯзи 9-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, "агар ин қарор ниҳоист, пас, ба маънои маҳрум шудани Шабакаи Оқохон аз мақом ё статуси дипломатӣ аст".
Созмон аз соли 1992 дар Тоҷикистон фаъолият дорад.
Мақомоти Тоҷикистон сабаби дароз накардани муҳлати созишномаро нагуфтанд. Мавқеи Шабакаи Рушди Оқохон (АКDN) низ то ҳол маълум нест.
Торнамои "Pamir Inside" (ҳаводиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро бозтоб медиҳад) бо такя ба манбаъҳои худ дар охири моҳи ноябр навишт, ки Қозидавлат Қоимдодов, раиси Шабакаи Рушди Оқохон дар Тоҷикистон, бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷӣ мулоқот дошт, "вале посухи мусбат нагирифт". Ин мулоқот дар моҳи октябри имсол гузаштааст.
Як манбаи Радиои Озодӣ дар Хоруғ (номаш ба далели амниятӣ фош намешавад) рӯзи 9-уми декабр гуфт, "созишнома барои Шабакаи Рушди Оқохон мақоми дипломатӣ медод ва тамоми созмонҳои вобаста ба он зери як чатр фаъолият мекарданд ва аз тартибҳои бюрократӣ озод буданд."
"Шарикони рушд барои доштани чунин зарфиятҳо барои татбиқи лоиҳаҳо дар Тоҷикистон бештар вақт Шабакаи Рушди Оқохонро интихоб мекарданд. Ҳоло кор душвор хоҳад шуд, чун ҳам назорат зиёд мешавад ва ҳам вақти зиёд сарф мегардад. Оҷонсиҳои Оқохон аз ин ба баъд ҳамчун созмонҳои ғайриҳукуматӣ дар Тоҷикистон фаъолият хоҳанд кард," -- шарҳ дод ӯ.
Кӯшиши мо барои суҳбат бо Қозидавлат Қоимдодов, раиси Шабакаи Рушди Оқохон дар Тоҷикистон, натиҷа надод. Ӯ дар суҳбати қаблӣ, 19-уми апрели соли 2019, гуфта буд, ки созмони онҳо "барои кулли мардуми Тоҷикистон хидмат мекунад" ва саҳмаш дар рушди ҷумҳурӣ "монанди Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Рушд ва ниҳодҳои дигари байнулмилалист".
Шабакаи Рушди Оқохон 32 сол боз дар Тоҷикистон амал мекунад. 3500 корманд дорад ва барномаҳои он ба рушди минтақаҳои кӯҳӣ ва мусоидат дар пешрафти иҷтимоиву иқтисоди Тоҷикистон равона шудааст. Шабака танҳо дар соли 2018 дар Тоҷикистон 107 миллиону 144 ҳазор сомонӣ сармоягузорӣ кардааст.
Шабакаи Рушди Оқохон, ки раҳбари куллаш Шоҳзода Карим Оқохон, пешвои исмоилиёни ҷаҳон аст, аз соли 2022, пас аз саркӯби хунини норозиён дар Хоруғу Рӯшон, аз чанд бинои худ дар Тоҷикистон маҳрум гашт.
Моҳи сентябри соли 2023 ба ҷойи Литсейи Оқохон дар шаҳри Хоруғ "Литсей барои хонандагони болаёқат" ба кор сар кард. Литсейи Оқохон 25 сол фаъол буд.
Додситонии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хост, ки як қарори раиси шаҳри Хоруғ (аз соли 2018) ва иҷозатномаи давлатӣ (аз соли 2019) дар пайванд ба Маркази тиббии Оқохон беэътибор дониста шавад. Маркази тиббии Оқохон (Aga Khan Medical Centre) ҷузъе аз Хадамоти Оқохон дар мавриди тандурустӣ (Aga Khan Health Service) аст. Он соли 2018 дар Хоруғ бо маблағи 25 миллион доллар сохта шуд.
Замини Донишгоҳи вобаста ба Шабакаи Оқохон ва меҳмонхонаи “Серена” дар Хоруғ низ ба ихтиёри давлат гузаронда шуданд. Боғи марказии фароғатии шаҳри Хоруғ, ки зери сарпарастии Бунёди Оқохон буд, ба моликияти давлатӣ табдил дода шуд.
Шӯришиён гуфтанд, зиндониёни Сурияро афв мекунанд
Мухолифони мусаллаҳ дар Сурия баъд аз сарнагунии ҳукумати Башор Асад рӯзи 9-уми декабр эълон карданд, ки зиндониёнро афв мекунанд.
Дар наворҳо дида мешавад, ки дари зиндони бузурги Седная дар Димишқ шикаста шудааст ва садҳо маҳбус ба озодӣ баромадаанд.
Баъзе аз маҳбусон даҳсолаҳо паси панҷара буданд.
Созмонҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла Amnesty International зиндони Седнаяро “қатлгоҳ” номида буданд.
Дар миёни раҳошудаҳо шахсоне низ ҳастанд, ки ба наздиконашон солҳо пеш аз эъдом шуданашон хабар дода будаанд.
Башор Асад, ки пас аз марги падараш дар соли 2000-уми қудратро дар Сурия ба даст дошт, бо боздошту шиканҷаву азияти мухолифон ном бароварда буд.
Ӯ рӯзи 8-уми декабр аз Сурия ба Русия гурехт ва Димишқро мухолифони исломии ӯ ба даст оварданд.
Остин: 700 000 низомии рус дар ҷанги Украина кушта шудааст
Русия дар ҷанги зидди Украина 700 ҳазор низомиашро аз даст дода, беш аз 200 миллиард доллар харҷ кардааст.
Дар ин бора Ллойд Остин, вазири дифои Амрико, рӯзи 7-уми декабр хабар дод.
Ӯ гуфт, Путин дар ҷанг алайҳи Украина баҳои ҷуброннопазир пардохтааст.
Вазири дифои ИМА афзуд, кишвараш аз оғози ҳамлаи Русия ба Украина беш аз 62 миллиард долллар ёрӣ кардааст.
Русия ва Украина маъмулан дар бораи талафоташон дар ҷанг хабар намедиҳанд.
Русия дар моҳи сентябри соли 2022 аз талафоти 5937 низомиаш дар Украина хабар дода буд.
Владимир Зеленский, президенти Украина, чанде пеш гуфт, ки 43 ҳазор низомии украинӣ дар ин ҷанг кушта шудаанд.
Исроил Сурияро мушакборон кард
Артиши Исроил хабар дод, ки ба 250 макони низомӣ дар Сурия ҳамла кардааст.
Пас аз он ки Башор Асад, раисҷумҳури сарнагуншудаи Сурия, аз кишвараш фирор кард ва Димишқ ба дасти мухолифони исломии ӯ афтод, Исроил ҳамлаҳои ҳавоиро ба ин кишвар афзоиш дод.
Дар хабарномаи артиши Сурия гуфта мешавад, ки маконҳои нигаҳдории мушакҳо, пойгоҳҳои низомӣ ва ҳавопаймоҳои ҷангиро ҳадаф қарор доданд.
Дидбони Ҳуқуқи Башари Сурия, қароргоҳаш дар Лондон, гуфтааст, Исроил дар 48 соати охир бештар ба шаҳри Ҳумс, Ҳамо ва Лазақия ҳамла кард.
Исроил гуфтааст, барои ба дасти гурӯҳҳои тундрав наафтодани силоҳу муҳимоти ҷангӣ онҳоро нобуд мекунад.
Исроил бо Сурия ҳаммарз аст ва ин кишвар бо низоми Башор Асад робитаи хуб надошт. Ҳоло мавқеи мухолифони исломӣ нисбат ба Исроил маълум нест.
Дар Бохтар маркази дилхушии "Париж"-ро бастанд
Дар шаҳри Бохтар фаъолияти боз як маркази дилхушӣ ва ё дискоклуб қатъ шуда, нисбати роҳбаронаш барои "авбошӣ" парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шудааст.
Дар ин бора Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, ҳафтаи гузашта дар пайи занозании яке аз муштариёни ин марказ бо кормандони маркази дилхушии “Париж”, воқеъ дар шаҳри Бохтар, "оромии атрофиён халалдор ва тартиботи ҷамъиятӣ вайрон карда шуд".
Мақомот мегӯянд, роҳбари маркази дилхушии “Париж” ва пешхизмати ин дискоклуб дастгир ва нисбаташон бо моддаи 237 қисми 2 Кодекси ҷиноиТоҷикистон парванда оғоз карда шуд.
Қаблан фаъолияти ду маркази дилхушӣ бо ҳамин далел қатъ гардида, нисбати масъулинашон парвандаҳои ҷиноӣ оғоз карда шуда буд.
Бритониё равобиташро бо Гурҷистон "маҳдуд мекунад"
Мақомоти Бритониё саркӯби такондиҳандаи рӯзноманигорон ва эътирозгарони ҷонибдори Ғарбро дар Гурҷистон танқид карда, гуфтанд, ки робитаашонро бо ҳукумати ин кишвар бисёр маҳдуд мекунанд.
Пештар Амрико ва Иттиҳоди Аврупо низ аз чораи мушобеҳ хабар дода буданд.
Дэвид Лэммӣ, вазири корҳои хориҷии Бритониё, рӯзи 9-уми декабр гуфт, "саҳнаҳои ҳавлноки хушунат алайҳи эътирозгарон ва хабарнигорон аз ҷониби мақомоти Гурҷистон қобили пазириш нест ва бояд бас карда шавад."
"Бо таваҷҷуҳ ба идомаи ин рӯйдодҳо, Бритониё ҳама гуна барномаҳои пуштибонӣ аз ҳукумати Гурҷистонро фавран қатъ ва ҳамкориҳои дифоиро маҳдуд мекунад," – афзуд ӯ.
Танишҳо дар Гурҷистон пас аз эъломи пирӯзии ҳизби ҳокими "Орзуи гурҷӣ" дар интихоботи порлумонии 26-уми октябр боло гирифт. Мухолифони ғарбгаро ва раисҷумҳури Гурҷистон, Саломе Зурабишвили, гуфтанд, ки дар ин маърака бо мадади Маскав тақаллуб сурат гирифтааст.
Баъди он ки ҳукумати Гурҷистон рӯзи 28-уми ноябр музокиротро бо Брюссел дар бораи пайвастани Гурҷистон ба Иттиҳоди Аврупо то соли 2028 боздошт, эътирозгарони зиёд ба хиёбонҳои пойтахт, Тбилиси, баромаданд. Мақомот барои пароканда кардани онҳо аз зӯр ва обу гази ашковар истифода карданд.
Иёлоти Муттаҳида рӯзи 4-уми декабр аз ҳукумати Гурҷистон талаб кард, ки бо мардуми норозӣ боэҳтиромона муносибат кунад.
Песков гуфт, паноҳ додан ба Асад тасмими Путин буд
Дмитрий Песков, сухангӯйи Кремл, гуфтааст, паноҳандагӣ додан ба раисҷумҳури сарнагуншудаи Сурия Башор Асад ва хонаводааш дар Русия тасмими президент Владимир Путин буд.
Хабаргузории "ТАСС" рӯзи 9-уми декабр аз қавли Песков навишт, ки "чунин тасмимгирӣ бе ширкати сарвари давлат имконпазир нест."
Расонаҳои давлатии Русия шаби 8-уми декабр гузориш доданд, ки Башор Асад "дар Маскав аст ва дар Русия ҳаққи паноҳандагӣ гирифтааст".
Сухангӯи Кремл нагуфт, ки ҳоло Башор Асад дар куҷост, вале афзуд, дар ҷадвали мулоқоти Путин суҳбат бо ӯ дар назар нест.
Ҳукумати Башор Асад 8-уми декабр, баъд аз ёздаҳ рӯз ҳамлаи ғофилгиронаи шӯришиён, суқут кард ва бо ҳамин 53 сол ҳукуматдории хонадони ӯ дар Сурия поён ёфт.
Мақомоти Русия Асадро расман раисҷумҳури пешини Сурия номида, иддао доранд, ки ӯ дар пайи гуфтушунид бо намояндагони мухолифини мусаллаҳ розӣ шудааст, курсии президентӣ ва ҳамин тавр кишварро тарк кунад. Худи ӯ дар бораи суқути режимаш изҳори назар накард.
Русия ҳампаймони деринаи Сурия буд ва дар замони ҷанги дохилии ин кишвар (дар соли 2011 оғоз шуд) ба ҳукумати Башор Асад ёриҳои муҳими низомӣ ва сиёсӣ кардааст. Кишварҳои ғарбӣ ва мухолифонаш Башор Асадро ба ҷиноятҳои зиёд, аз ҷумла куштани ғайринизомиён дар Сурия муттаҳам мекунанд.
Эълони омори нав дар бораи сарбозони кушташудаи Украина
Владимир Зеленский, президенти Украина, гуфт, ки шумори сарбозони кушташудаи ин кишвар дар ҷанги тақрибан сесола бо Русия ба 43 ҳазор нафар расидааст.
Ин шумора дар моҳи феврал ба 31 ҳазор нафар баробар буд.
Зеленский рӯзи 8-уми декабр дар Телеграм навишт, ки дар ин муддат 370 ҳазор сарбози украинӣ захмӣ шуда, ниме аз онҳо пас аз табобат ба майдонҳои даргирӣ баргаштаанд.
Шумори сарбозони кушташуда ва захмии Украинаву Русия бештар аз омори расмӣ пиндошта мешавад.
Доналд Трамп, раисҷумҳури мунтахаби Иёлоти Муттаҳида, дар шабакаи иҷтимоии Truth навишт, ки дар ин ҷанг 600 ҳазор сарбози Русия кушта ва захмӣ шуданд.
Трамп ва Зеленский рӯзи 7-уми декабр дар Порис (Париж) мулоқот карданд.
Теъдоди қурбониён дар Ғазза ба беш аз 44 700 кас расидааст
Вазорати тандурустии Ғазза гуфт, ки теъдоди қурбониёни ҷанги 14-моҳа миёни Исроил ва “Ҳамос” ба беш аз 44 700 нафар расидааст.
Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳоди Аврупо гурӯҳи фаластинии “Ҳамос”-ро созмони террористӣ медонанд.
Омори нав рӯзи 8-уми декабр нашр шуд.
Дақиқ нест, ки чӣ қадар аз кушташудаҳо низомӣ ва чӣ қадар ғайринизомӣ ҳастанд.
Танҳо гуфта шудааст, ки беш аз нисфи қурбониён занону кӯдакон мебошанд.
Тибқи ҳамин омор, дар набардҳо зиёда аз 106 ҳазор кас маҷрӯҳ шудаанд
Ҷанг дар Ғазза пас аз он оғоз шуд, ки “Ҳамос” рӯзи 7-уми октябри соли 2023 ба Исроил ҳамла карда, дастикам 1200 нафарро кушт ва тақрибан 250 нафарро гаравгон гирифт.
"Даст бардоред." Даъвати рӯирост аз муҳоҷирон барои ширкат дар ҷанг
Шахсони низомипӯш дар як сохтмон дар Русия ба муҳоҷирон пешниҳод кардаанд, ки бо Вазорати мудофиаи ин кишвар қарордод баста, дар “амалиёти махсуси низомӣ” (Маскав ҷангашро дар Украина чунин меномад) ширкат кунанд.
Бахши “Мигрант Медиа”-и Радиои Озодӣ охири ҳафтаи гузашта навишт, ки замон ва макони сабти навор маълум нест.
Саҳифаи “Тсарград” дар Телеграм, ки пайваста наворҳои зидди муҳоҷирон ва таблиғи ҷангро нашр мекунад, ин видеоро 5-уми декабр гузоштааст.
“Муҳлати шартнома аз як то панҷ сол аст. Баъди он ки муҳлат ба охир расид, ба шумо шиносномаи Русияро медиҳанд. Дигар ба шумо иҷозатномаи кор ва ягон санади дигар даркор намешавад,” – мегӯяд яке аз низомипӯшон дар видео.
Муҳоҷироне, ки дар навор сабт шудаанд, ин пешниҳодро напазируфтаанд.
Низомипӯшҳо ба муҳоҷирон хабар доданд, ки аз Русия ронда хоҳанд шуд.
Мақомоти Русия хабар доданд, ки дар натиҷаи амалиёти “Нелегал - 2024” 20 ҳазор хориҷиро аз ин кишвар берун кардаанд.
Бори аввал нест, ки муҳоҷиронро дар Русия барои ширкат дар ҷанги зидди Украина даъват мекунанд.
UNHCR аз Тоҷикистон хост, ки паноҳандагони афғонро ихроҷ накунад
Комиссариати олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури гурезаҳо (UNHCR), аз ихроҷи иҷбории паноҳандагони афғон аз Тоҷикистон ибрози нигаронӣ кард ва аз мақомоти Тоҷикистон хост, ки аз ин кор худдорӣ кунанд.
Дар баёнияи ин ниҳод, ки рӯзи 7-уми декабр нашр шуд, аз Тоҷикистон хоста шудааст, ки ба ӯҳдадориҳои байналмилалии худ барои муҳофизат аз касоне, ки аз озор ва азият фирор кардаанд, пойбанд бимонад.
Ба гуфтаи UNHCR ихроҷи паноҳандагон ба ҳар кишваре, ки мумкин аст бо осеби ҷиддӣ рӯбарӯ шаванд, нақзи конвенсияи СММ аст, ки Тоҷикистон онро имзо кардааст.
Радиои Озодӣ ҳафтаи гузашта хабар дод, ки мақомоти Тоҷикистон даҳҳо муҳоҷир ё паноҳҷӯйи афғонистониро аз Тоҷикистон ихроҷ (берун) карданд.
Комиссариати олии СММ дар умури гурезаҳо ҳам дар ин баёнияи худ гуфтааст, ки байни рӯзҳои 3 то 5 декабр мақомоти Тоҷикистон 41 шаҳрванди Афғонистонро, ки ҳадди ақал 37 тани онҳо паноҳҷӯ буданд, ихроҷ карданд.
Комиссарияти СММ дар умури гурезаҳо мегӯяд, дар мавриди амнияти ин афрод, ки аксаран мардон ва саробони хонаводаҳояшон буданд, нигарон аст. Ба гуфтаи UNHCR, ин амр "осебпазирии занон ва кӯдакони онҳоро, ки дар Тоҷикистон мондаанд, бештар мекунад".
Манобеи Радиои Озодӣ дар консулгарии Афғонистон дар Хоруғ ҳафтаи гузашта гуфтанд, ки ин муҳоҷирон ба воситаи гузаргоҳи "Шерхон Бандар" ба Афғонистон гузаштанд. Ба иттилои манбаъ, "муҳоҷирони ихроҷшуда дар шаҳри Ваҳдат, ноҳияи Рӯдакӣ ва шаҳри Душанбе кору зиндагӣ доштанд".
"Санадҳояшон дуруст буд, аммо сабаби ихроҷро намедонам. Бештари ихроҷшудаҳо аз тарафи пулиси Ваҳдат бозҷӯйӣ ва сипас ронда шудаанд. Як бор 16 ва дафъаи дигар беш аз 40 нафар, яъне дар ду ҳолат, ихроҷ карда шудаанд", афзуд ӯ.
Мақомоти тоҷик то кунун ба хабарҳо дар мавриди ихроҷи паноҳандагони афғон ва низ баёнияи UNHCF вокуниш нишон надодаанд. Нусратулло Маҳмадзода, сухангӯйи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳафтаи гузашта дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки аз ихроҷи муҳоҷирони афғонистонӣ хабар надорад. Вале ҳамзамон афзуд, "бар асоси муқаррарот, вақте қоидаҳои будубошро риоят намекунанд, сабаби ихроҷашон мешавад."
Дар солҳои 2021 ва 2022 зиёда аз 80 муҳоҷири афғонистониро аз Тоҷикистон ронда буданд. Мақомот далели рондани онҳоро нақзи қоидаи иқомат номиданд.
Дар Тоҷикистон беш аз 10 ҳазор паноҳандаи афғонистонӣ ба сар мебаранд. Аксари онҳо то ба сари қудрат омадани "Толибон" дар Афғонистон ба Тоҷикистон омадаанд.
Трамп гуфт, Эрон ва Русия дар "ҷойгоҳи заъифе" қарор гирифтанд
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури мунтахаби Амрико дар паёме, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кард, навишт, Русия ва Эрон дар "ҷойгоҳи заифе" қарор гирифтанд.
Ӯ рӯзи 8-уми декабр аз Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия хост, ки ба ҷанги тақрибан сесола дар Украина поён диҳад.
Трамп ин изҳоротро замоне баён кард, ки ҳукумати беш аз 50-солаи хонадони Асад, ки мавриди ҳимояти Русия ва Эрон буд, фурӯ пошид ва қудрат ба дасти мухолифон афтод.
Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия рӯзи 8-уми декабр дар пайи фишори мухолифони мусаллаҳаш тарки Димишқ кард ва ба Русия фирор намуд.
Трамп гуфт, Русия бинобар ҷанги Украина ва заъфи иқтисод ва Эрон бинобар ҷанг бо Исроил, заъиф шудаанд.
Ҳушдори Байден дар бораи собиқаи баъзе гурӯҳҳои шӯришӣ дар Сурия
Президенти Амрико гуфт, ҳарчанд баъзе аз гурӯҳҳои шӯришӣ ба сарнагунии ҳукумати Башор Асад дар Сурия кумак карда, "дар рӯзҳои охир ҳарфҳои дуруст заданд", собиқаи тарсноке дар нақзи ҳуқуқи башар доранд.
Ҷо Байден рӯзи 8-уми декабр дар паёми телевизионӣ аз Кохи Сафед гуфт: "Чун онҳо масъулияти бештарро бар дӯш мегиранд, мо на танҳо сухан, балки амали онҳоро низ арзёбӣ хоҳем кард".
Ба қавли ӯ, Иёлоти Муттаҳида фаъолияти гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ-ро, ки метавонад аз холигоҳи бавуҷудомада дар Сурия истифода кунад, бодиққат назорат хоҳад бурд. Байден гуфт, Амрико рӯзи 7-уми декабр ба мавқеъҳои ДОИШ дар Сурия даҳҳо зарбаи дақиқ зад.
Шӯришиён ба раҳбарии гурӯҳи "Таҳрир аш-Шом" рӯзи ҳаштуми декабр аз суқути давлати Башор Асад дар Сурия хабар доданд. Башор Асад аз соли 2000-ум раисҷумҳури Сурия буд. Пеш аз он, падараш Ҳофиз Асад, 29 сол дар ин кишвари Ховари Миёна фармонравоӣ кардааст
Ошӯбгарони мусаллаҳ дар ҳамлаи ғофилгирона, ки 27-уми ноябр сар шуд, аввал Ҳалаб ва сипас Ҳамову Ҳумсро гирифта, ҳаштуми декабр вориди Димишқ, пойтахти Сурия, шуданд.
Амрико, Иттиҳоди Аврупо ва чанде аз кишварҳои дигар "Таҳрир аш-Шом"-ро созмони террористӣ медонанд. Ин гурӯҳи низомии исломгаро дар солҳои охир иртиботашро бо "Ал-Қоида" бас карда, талош намудааст, худро алтернативаи шоистаи ҳукумати Сурия нишон диҳад.
Бо вуҷуди он ки Абумуҳаммад Ҷулонӣ, раҳбари "Таҳрир аш-Шом", кӯшидааст, шиаҳои алавӣ ва камшуморони дигари Сурия, аз ҷумла насрониҳоро итминон диҳад, ки ба онҳо чизе нахоҳад шуд, нигарониҳо дар бораи пайванди эҳтимолии "Таҳрир аш-Шом" бо гурӯҳҳои террористӣ ва поймоли ҳуқуқи инсон аз тарафи он боқӣ мондааст.