Бино ба гузоришҳо, имрӯз тақрибан ҳазор нафар норозиёни сиёсӣ дар маркази Минск-пойтахти Беларус раҳпаймоии эътирозӣ анҷом доданд. Онҳо дар зимн тақозо карданд, ки интихоботи нави раёсати ҷумҳурӣ ва интихоботи нави порламонӣ баргузор шавад. Хабаргузории Ассошиейтед Пресс иттилоъ додааст, ки ба таври бесобиқа имрӯз дар пойтахти Минск дар ҷараёни раҳпаймоӣ полис ба эътирозкунандагон кордор нашудааст. Ин раҳпаймоии эътирозӣ дар Беларус замоне анҷом гирифт, ки ин кишвар аз замони фурӯпошии Шӯравӣ то ҳол ба шадидтарин бӯҳрони молӣ гирифтор шудааст.