Дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба муштзанӣ, ки дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон идома дорад, Анвар Юнусов ягона муштазни тоҷик, ки ба ниманиҳоӣ роҳ ёфт, бозиро ба Лазаро Алварес Эстрада аз Куба бохт. Доварон дар ин бозӣ бартариро ба Алварес доданд ва вай бо ҳисоби 18:13 бар Анвар пирӯз шуд. Дар сурати пирӯзӣ Анвар метавонист ба даври ниҳоӣ роҳ ёбад ва барои қаҳрамонии ҷаҳон муборизаро идома диҳад. Дар бозии аввал Анвар бар Фурҳони Мемиси турк, ки барандаи медали биринҷии Аврупост пирӯз шуд. Дар бозии дуввум Лук Бойдро аз Австралия шикаст дод. Дар бозии севвум Сергей Водопянов-барандаи медали нуқраи бозиҳои қаҳрамонии ҷаҳонро аз Русия мағлуб кард. Бо вуҷуди бохти ахир Анвар ба Бозиҳои Олимпии соли 2012 дар Лондон роҳхат гирифтааст.