Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коҳиши ду ҳазор коргари ВВС дар панҷ соли наздик


Ширкати садову симои Бритониё (ВВС) имрӯз гуфт, ки то соли 2017 ду ҳазор ҷои кориро ихтисор хоҳад кард. Дар таърихи ВВС ин таҳаввулоти хеле азим маҳсуб мешавад, ки бесобиқа мебошад. Раҳбари калони ВВС Марк Томсон гуфт, ки коҳиши шумори коргарон ба ин маъност, ки солона 670 миллион фут ё беш аз 1 миллиард доллар пул иқтисод мешавад. Вай инчунин гуфт, ки ҳеҷ як аз бахшҳои ВВС комилан баста намешавад.
XS
SM
MD
LG