Имрӯз дар хиёбонҳои марказии Кобул чандсад сокини Афғонистон бо талаби берун шудани нирӯҳои байналмилалӣ аз хоки ин кишвар дар пешорӯи таҷлил аз даҳсолагии вуруди нирӯҳои байналмилалии посдори сулҳ ба хоки ин кишвар раҳпаймоӣ карданд. Тибқи гузоришҳо, дасти кам 200 эътирозгар шиорҳои зиддиамрикоӣ ба забон оварда дар Кобул парчами Амрикоро оташ заданд. Рӯзи ҷумъа аз вуруди нирӯҳои амрикоӣ ба хоки Афғонистон 10 сол сипарӣ мешавад. Баъди суқути режими Толибон 140 ҳазор нирӯи хориҷӣ, аксарашон амрикоиҳо мебошанд, дар хоки Афғонистон мустақар шуданд.