Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пейлин аз роҳ ба сӯи раҳбарии Амрико хориҷ шуд


Сара Пейлин, губернатори собиқи аёлати Аляскаи Амрико, эълом кард, ки дигар барои мақоми раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида талош нахоҳад кард. Сара Пейлин, ки дар интихоботи гузаштаи раёсати ҷумҳури Амрико номзад ба мақоми муовини раиси ҷумҳур аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳ буд, дар як номае ба ҳаводоронаш гуфтааст, барояш хонавода муҳимтар аз ҳама чизи дигар аст. Дар ин нома хонум Пейлин гуфтааст, баъди андешаҳои амиқ, қарор кардааст, ки барои номзадӣ аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳ ба мақоми раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида дар интихоботи соли 2012 талош намекунад.
XS
SM
MD
LG