Вазорати умури дохилаи Афғонистон мегӯяд, мақомот имрӯз дар Кобул 6 нафарро бо гумони таҳияи сӯъиқасд ба ҷони раиси ин ҷумҳурӣ Ҳомиди Карзай дастгир кардаанд. Идораи амнияти Афғонистон гуфт, ин гурӯҳ яке аз муҳофизони Карзайро барои қатли ӯ ҷалб кардааст. Сухангӯи ин идора Лутфуллоҳ Машъал гуфт, ин “гурӯҳи хатарноки таълимдида” устодону толибилмонро низ фаро мегирифт. Ӯ гуфт, боздоштшудагон бо як узви Ал-Қоида ва бо шабакаи Ҳаққонӣ, мустақар дар сарзаминҳои қабиланишини Вазиристони шимолии Покистон робита доштаанд. Ҳангоми эълони ин боздоштҳо худи Карзай ҳанӯз дар сафари Ҳинд қарор дошт.