Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Хашм"-и Вошингтон аз ветои Русияву Чин


Сафири Амрико дар СММ Сюзан Райс гуфт, ветои Русияву Чин бар қатъномае, ки муҷозоти Сурия ба маҳзи саркӯбии эътирозҳоро дар назар дошт, мояи “хашм”-и Вошингтон шудааст. Хонум Райс гуфт, Шӯрои Амният натавонист ба “як чолиши оҷили ахлоқӣ ва як таҳдиди афзоянда ба сулҳу суботи минтақа” расидагӣ кунад. Сафири Русия Виталий Чуркин тарҳи қатъномаро “ғайриқобилиқабул” ва мабнӣ “бар фалсафаи ихтилофҷӯӣ” хонд. Чин гуфт, қатънома фишори “кӯркӯрона” алайҳи Сурияро дар пай дошта, кумак нахоҳад кард.
Фаронса, ки дар ҳамроҳӣ бо Бритониё тарҳи қатъномаи Сурияро омода карда буд, ветои Русияву Чинро “як рӯзи бад барои Сурия ва СММ” номид.
XS
SM
MD
LG