Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатъи парвозҳо аз ва ба Душанбе ба иллати чангбод


Душанбе - дар чанги чангбоди афғонӣ
Душанбе - дар чанги чангбоди афғонӣ
Чангбоди шадиди афғонӣ, ки имрӯз фазои Душанбе ва навоҳии атрофашро пӯшонд, боиси қатъи тамоми парвозҳо дар фурудгоҳи Душанбе шудааст. Сухангӯи фурудгоҳи пойтахти Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Шодиев ба Радиои Озодӣ гуфт, имрӯз ба далели чангбод парвози ҳавопаймоҳо аз ин фурудгоҳ ба Екатеринбургу Алма-Ато ва ба фурудгоҳи Внуковои Маскав ба таъхир уфтода, ҳавопаймоҳое, ки аз Маскаву Шарҷа ва Алма-Ато меомаданд, маҷбур шудаанд, дар фурудгоҳи Хуҷанд бишинанд. Ҳавопаймое, ки дар хатти Маскав –Кӯлоб парвоз мекард, низ дар фурудгоҳи Хуҷанд нишастааст. Масъулини ширкатҳои ҳавопаймоӣ мегӯянд, парвозҳои имрӯза шояд фардо ба муҷарради рафъ шудани чангбод анҷом шаванд.
XS
SM
MD
LG