Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин ва Русия қатънома алайҳи ҳукумати Сурияро вето карданд


Чин ва Русия ба пешнависи қатъномаи таҳримӣ алайҳи ҳукумати Сурия раъйи мухолиф доданд.

Аз понздаҳ кишвари узви Шӯрои Амният, 9 кишвар ба матни пешниҳодии ин қатънома раъйи мусбат доданд. Африқои Ҷанубӣ, Ҳинд, Бразилия ва Лубнон ба ин қатънома раъй бетараф доданд. Пешнависи қанънома алайҳи ҳукумати Башшор Асад асри рӯзи сешанбе ба раъй гузошта шуд.

Сафири Фаронса дар СММ дар ин бора гуфт: «Ветои ин қатънома боиси таваққуфи талошҳои мо нахоҳад шуд.»

Пеш аз ин раъйгирӣ, дар бораи ин қатънома Русия эълон карда буд, ки ин пешнавис «ғайри қобили қабул» аст.
Русия муттаҳиди деринаи ҳукумати Башшор Асад, ки ҳамакнун низ силоҳ ба ин кишвар ирсол мекунад, бо ҳаргуна қатънома алайҳи Сурия ба таври ҷиддӣ мухолиф аст.

Ба гузориши Интерфакс, муовини вазири умури хориҷии Русия пеш аз раъйгирӣ дар мухолифат бо ин қатънома гуфта буд: «Ин қатънома ғайри қобили қабул аст, зеро дар он таҳримҳое пешбинӣ шудааст, вале аз ҳукумати Башшор Асад нахостааст, ки гуфтугӯ бо мухолифонро оғоз кунад.»

Ба гузориши хабаргузории Ассошиейтед Пресс, пешнависи ин қатънома алайҳи ҳукумати Башшор Асад хостори «як раванди фарогири сиёсӣ» ба раҳбарии мардуми Сурия шуда буд.

Дар ҳамин замина Гейду Вестервелл, вазири умури хориҷии Олмон рӯзи сешанбе гуфтааст, ҷаҳониён бояд ҳамбастагии худро бо мардуме, ки дар хиёбонҳои Сурия ҳастанд, нишон диҳанд.Вазири умури хориҷии Олмон ҳамчунин гуфтааст: «Дар сурате, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба забони ягона дар хусуси саркӯбҳо ва фишорҳо дар Сурия даст наёбад, мавқеияташ заиф хоҳад шуд.»

Дар вокуниш ба мавзеъгирии тозаи Русия дар баробари пешнависи қатънома алайҳи ҳукумати Башшор Асад, сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико гуфтааст, Русия мебоист ба ин фикр кунад, ки оё Шӯрои Амният метавонад дар фиристодани як паёми ҷиддӣ ба як режими хунрез муассир бошад ё на. Вай ҳамчунин баён доштааст: «Русия бар асоси манофеи миллии худ тасмим мегирад, аммо мо умедворем аз ин қатънома ҳимояти ҷиддӣ бишавад.»

Тайи чаҳор моҳи гузашта аъзои доимӣ ва ғайри доимии Шӯрои Амнияти СММ бар сари судури қатънома алайҳи ҳукумати Башшор Асад дар ҳоли музокира ва гуфтугӯ ҳастанд. Британия, Фаронса, Олмон ва Португалия ба ҳамроҳии Амрико ба қатъномаи таҳримӣ алайҳи Сурия, ки шомили таҳрими содир кардани аслиҳа ба ин кишвар аст, ҳимоят мекунанд.

Дар муқобил Русия, Чин, Ҳинд, Африқои Ҷанубӣ ва Бразилия бо ин қатъномаи таҳримӣ алайҳи Сурия мухолифанд. Ин кишварҳо мегӯянд, қатъномаи Шӯрои Амният алайҳи ҳукумати Муаммар Қаззофӣ ва дар хусуси муҳофизат аз ғайри низомиён дар Либия мавриди сӯистифодаи НАТО қарор гирифт ва акнун ин нигаронӣ вуҷуд дорад, ин қатънома алайҳи ҳукумати Башшор Асад заминаи мудохилаи низомӣ дар Сурияро фароҳам кунад.
XS
SM
MD
LG