Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамоиш бо даъвати ташвиқи забони қазоқӣ


Садҳо нафар аз аъзои Ҳаракати забони давлатӣ дар Қазоқистон охири ҳафтаи гузашта бо баргузории як ҳамоиш хостори истифодаи васеъи забони қазоқӣ дар ин кишвар шудаанд, ки муошират дар он бештар бо забони русӣ сурат мегирад. Мухтор Шаханов, шоири қазоқ ва сафири собиқ дар Қирғизистон, дар ин ҳамоиш гуфтааст, “онҳое, ки ба забони қазоқӣ эҳтиром намегузоранд ва русӣ сӯҳбат мекунанд, баҳона меоранд, ки Қонуни Асосӣ забони русиро ба ҳайси забони расмӣ муқаррар кардааст. Ва ин бояд тағйир дода шавад.” Турсунбек Кокишев, забоншиноси қазоқ гуфтааст, истифодаи васеъи забони модариро бояд Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳур шурӯъ кунад, ки дар суханрониҳои расмиаш танҳо салому падрудро бо забони қазоқӣ вале бақияро ба забони русӣ мегӯяд. Забони қазоқӣ дар Қазоқистон забони давлатӣ ва забони русӣ забони расмӣ аст.
XS
SM
MD
LG