Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои ҳуқуқи башари СММ баррасии вазьи Тоҷикистонро шурӯъ кард


Дар Шӯрои ҳуқуқи башари СММ дар нишасти 12-уми худ вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистонро баррасӣ мешавад. Дар гузориши миллӣ ба шӯрои мазкур, мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, ки ба тааҳуддоти худ дар амри риояти ҳуқуқи инсон пойбанданд ва ба ҳуқуқи мардум дар кишвар эҳтиром мегузоранд.

Ҳайати даҳнафарии Тоҷикистонро Бахтиёр Худоёров, вазири адлияи кишвар раҳбарӣ мекунад. Абдураҳим Холиқов, раиси Кумитаи дини Тоҷикистон низ шомили ин ҳайат аст.

Айни замон дар суолҳое, ки аъзои Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал ба давлати Тоҷикистон фиристодаанд, доир ба вазъи озодии матбуот, риояти озодиҳои мазҳабӣ, мустақилияти додгоҳҳо, вазъи зиндонҳо, таъмини ҳуқуқи муҳоҷирон пурсида шудааст. Созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ аксар вақт давлати Тоҷикистонро барои нақзи ҳуқуқи инсон интиқод кардаанд.

Интизор меравад, баҳсҳо дар Женева масоили фаровон ва доғи Тоҷикистон: аз сарнавишти сиёсатмадори зиндонӣ Муҳаммадрӯзӣ Искандаров гирифта, то манъи пӯшидани ҳиҷоб ва ҳузури наврасон дар масҷид ва ҳам фишорҳо ба матбуот, аз ҷумла боздошту мурофиаи хабарнигори маҳаллӣ Муҳаммадюсуф Исмоилов ва хабарнигори Би-би-сӣ Урунбой Усмоновро доман кашад.
XS
SM
MD
LG