Пулиси Косово гуфт, бар асари як шабехун дар ғарби кишвар як марди серб кушта ва писари ӯ захмӣ шудааст. Сухангӯи пулис Ҳозир Бериша гуфт, Аско Путник ва писараш Добритса рӯзи шанбе ҳангоми хуруҷ аз як майхона дар рустои умдатан албанинишини Зерзе ҳадафи ҳамла қарор гирифтанд. Ғарази куштор норӯшан боқӣ монда, то ҳол ҳол касе ҳам дар иртикоби ин қазия боздошт нашудааст. Аммо шаҳрдори серби Опраҳовач ин кушторро дар заминаи адовати қавмӣ номид ва маҳкум кард. Дар Косово, ки соли 2008 эълони истиқлол аз Сербистон кард, тақрибан 60 000 серб ба сар мебарад.