Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳафтаи ҷоизаҳои Нобел шурӯъ мешавад


Нишони ҷоизаи Нобел
Ҳафтаи ҷоизаҳои Нобел рӯзи 3 октябр бо эълони исми барандаи ҷоизаи Нобел дар риштаи тибб оғоз хоҳад ёфт. Аммо чашмҳо бештар ба сӯи Ҷоизаи сулҳи Нобел дӯхта шудааст, ки барандааш рӯзи 7 октябр эълон мешавад. Кристиан Берг Ҳарпвикен аз Пажӯҳишгоҳи сулҳи Нобел дар Осло гуфт, интихоб шояд рӯи “як номзади арзандаи марбут ба инқилобҳои Баҳори Араб қарор бигирад.” Ӯ аз ҷумла фаъоли мисрӣ Исроъ Абдулфаттоҳ, блогнависи тунисӣ Лино Бин Менӣ, ҳомии ҳуқуқ аз Афғонистон Симо Самар ва созмони “Мемориал” аз Русияро дар радифи довталабон ном бурд. Барои ҷоизаи адабии Нобел имсол аз ҷумла шоири суриёӣ Адонис, Маргарет Этвуд аз Канада ва Филип Рот аз Амрико мубориза хоҳанд бурд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG