Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

1 октябр - Рӯзи мардуми солхӯрда


1 октябр бо қарори Маҷмаъи умумии СММ аз соли 1990 Рӯзи байналмилалии мардуми солдида эълон шудааст. Имсол Рӯзи мардуми солманд таҳти шиори “Роҳандозии Паймони Мадрид +10: Имконот ва чолишҳои афзояндаи пиршавии ҷаҳон” таҷлил мешавад. Ин ид баҳонаест барои таваҷҷӯҳ ба зиндагӣ ва вазъу шароити беш аз 700 миллион мардуми болиғ аз синни 60 дар дунё, ки як умр ба дигарон хидмат карда, имрӯз худ мӯҳтоҷи кумаки дигарон мондаанд. Дар Тоҷикистон ба ин муносибат баргузории маросими хосе дар назар нест, вале бино ба омори як соли пеш, шумори мардуми бознишаста дар ин кишвар 561 547 нафар ва ҳаҷми нафақаи миёна барои ин қишри осебпазири аҳолӣ 130 сомонӣ, ё тақрибан 27 доллари Амрикоро ташкил медиҳад. Дар Тоҷикистон, ки нафақаи мардуми бознишаста хеле ночиз аст ва гузарони зиндагии пиронсолонро таъмин карда наметавонад, суннатан мӯътамадтарин манбаъи таъмини зиндагии ин қишри аҳолӣ фарзандони онҳост.
XS
SM
MD
LG