Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як пиразани фаронсавиро дар Кения рабудаанд


Як зани кӯҳансоли фаронсавиро дар як ҷазираи истироҳатӣ дар шимоли Кения ғолибан раҳзанҳои дарёии Сомалӣ рабудаанд. Вазири сайёҳати Кения Наҷиб Балала гуфт, киштиҳои марзбонӣ дар пайи таъқиби раҳзанон афтода, талош доранд, то онҳоро дар баҳр бигиранд. Ин дуввумин мавриди рабудани сайёҳон дар ҷазираи Манда дар 3 ҳафтаи охир будааст. Дар авоили сентябр роҳзанҳои Сомалӣ дар ин осоишгоҳи бошукӯҳ як марди бритониёиро кушта, ҳамсари ӯро гаравгон гирифтанд. Ин роҳзанҳо сайёҳони хориҷиро маъмулан ба хотири дарёфти пул гаравгон мегиранд.
XS
SM
MD
LG