Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯмаки Ал-Қоида ба тундгароёни Қафқоз афзудааст


Як муассисаи таҳқиқотии Амрико мегӯяд, созмони террористии Ал-қоида аз тундравони исломӣ дар Қафқози шимолӣ, як минтақаи ноороми Русия кӯмак, аз ҷумла кӯмакҳои молӣ мекунад. Дар гузориши тозаи Маркази пажӯҳишҳои стротежӣ ва байналмилалӣ дар Вашингтон гуфта мешавад, нақши “Ал-қоида” дар тарғиби ҷиҳод дар Қафқози шимолӣ бисёр бузург будааст. Гордон Ҳан, муаллифи гузориши мазкур, ба афзоиши вебсайтҳое ишора кардааст, ки баёнияҳои тундравонро нашр мекунанд ва барои ҷамъоварии пул барои гурӯҳҳои ифротӣ истифода мешаванд.
XS
SM
MD
LG