Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи интиҳорӣ дар Лашкаргоҳ


Маҳалли таркиш дар Лашкаргоҳ
Маҳалли таркиш дар Лашкаргоҳ
Таркиши мошини бомбгузоришуда дар рӯбарӯи дафтари раиси пулиси маҳаллӣ дар ҷануби Афғонистон дастикам 2 ғайринизомиро кушта ба ҷо гузошт. Ба гуфтаи мақомот, бар асари ин ҳамла дар Лашкаргоҳ, шаҳри асосии вилояти Ҳилманд, беш аз 20 тан, бо шумули 10 афсари пулис, ҷароҳат бардоштаанд. Масъулияти ҳамлаи ахирро низ Толибон бар ӯҳда гирифт.
XS
SM
MD
LG