Пайвандҳои дастрасӣ

Даъвати Паско ба назорати таслиҳоти Либия


Линн Паско
Муовини дабири кулли СММ дар умури сиёсӣ хостори таҳти назорати байналмилалӣ овардани захоири таслиҳоти Либия шуд, то ба дасти террористҳо наафтанд. Линн Паско ба Шӯрои Амният гуфт, баъди фирори Муаммар Қаззофӣ амборҳои бузурги аслиҳа, бо шумули мушакҳои замин ба ҳаво ва таслиҳоти кимиёӣ боқӣ мондааст. Ӯ афзуд, Шӯрои миллии гузор ҳафтае пеш дар Ҷуфра, 435-километрии ҷануби Троблус, як амбори маводи сабтнашудаи таслиҳоти кимиёиро ёфт ва акнун як созмони масъули назорати чунин таслиҳот ин қазияро таҳқиқ мекунад. Ин дар ҳолест, ки даргириҳо байни нирӯҳои содиқ ба Қаззофӣ ва нирӯҳои зидди ӯ дар зодгоҳаш Сирт ҳанӯз идома дорад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG