Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тимакова: Алексей Кудрин аз мақом барканор шудааст


Вазири молия ва муовини нахуствазири Русия Алексей Кудрин на бар пояи аризаи истеъфояш, балки бо амри раисиҷумҳур Дмитрий Медведев аз мақом барканор шудааст.

Наталя Тимакова, сухангӯи раисиҷумҳури Русия гуфт, ки Медведев вазири молияро бо пешниҳоди нахуствазир Владимир Путин аз вазифа сабукдӯш кард. Аз ин пеш Алексей Кудрин ба хабаргузории РИА Новости гуфта буд, ки баъди суханронии раисиҷумҳур дар Комиссиюни навсозӣ дар шаҳри Димитровград аризаи истеъфо навиштааст.

Алексей Кудрин рӯзи якшанбе дар Вошингтон изҳор намуд, ки агар ҳукумати ояндаи Русияро Дмитрий Медведев сарварӣ кунад, ба он ҳукумат шомил нахоҳад шуд, зеро бо раисиҷумҳури феълӣ дар чанд мавзӯъи муҳими иқтисодӣ ихтилофи назар дорад. Ин изҳорот боиси интиқоди шадид аз сӯи раисиҷумҳури Русия гардид ва Дмитрий Медведев аз Кудрин хост, ки изҳороташро ташреҳ кунад ё ба истеъфо равад.

Алексей Кудрин тайи даҳ сол курсии вазири молияи Русияро ишғол мекард.
XS
SM
MD
LG