Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавои гарму нарми Тоҷикистон


Марказҳои ҳавошиносӣ хабар медиҳанд, ки имрӯз осмони шаҳри Душанбе софу беғубор хоҳад буд ва 17 то 25 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд ҳам ҳавои соф дар назар аст, аз 19 то 25 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҳарорати ҳаво то 28 дараҷа болои сифр қарор мегирад.

Дар шаҳри Хоруғ ҳам рӯзона ҳаво софу беғубор ва аммо назар ба дигар манотиқи кишвар салқинтар мешавад. Рӯзона то 20 ва шомгоҳон 16 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ ҳавои гарм дар назар аст ва дар баъзе ҷойҳо ҳарорати ҳаво то 26 дараҷа боло меравад.
XS
SM
MD
LG