Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Троблус қабристони дастаҷамъӣ ошкор шуд


Дар Троблус, пойтахти Либия, қабристони дастаҷамъӣ бо беш аз 1200 ҷасад ошкор шуд.

Ба гуфтаи намояндагони Шӯрои миллии гузори Яман, ин аҷсоди зиндониёнеанд, ки ҳангоми саркӯбсозии ошӯб дар маҳбаси Абу-Салим дар соли 1996 кушта шуданд.

Дар ҳамин ҳол задухӯрдҳо миёни низомиёни Шӯрои миллии гузор ва ҷонибдорони Муаммар Қаззофӣ барои шаҳри Сирт идома дорад. Рӯзи якшанбе нерӯҳои ҳукумати нав дар даромадгоҳҳо ба Сирт постгоҳҳои худро ташкил карданд. Аз ин пештар хабар дода мешуд, ки низомиёни Шӯрои миллӣ дар як километрии маркази Сирт қарор доранд.
XS
SM
MD
LG