Полиси шаҳри Ню Йорк наздик ба 80 нафар аз тазоҳуркунандагонро дар Уолл Стрит боздошт кард. Тазоҳуркунандагон дар наздики Бозори Бурси Ню Йорк хайма зада, норозигии худро аз кӯмаки давлат ба банкҳо, шеваи расидагӣ ба бӯҳрони воми маскан ва ҳукми аёлати Ҷорҷия нисбати шаҳрванд Трой Дейвис баён мекарданд. Полис мегӯяд, онҳоеро боздошт кард, ки ба ҳаракати нақлиёт халал ворид намудаанд. Тазоҳуркунандагон полисро ба хушунати зиёдаравона айбдор ва танқид карданд.