Оқои Солеҳ ҳудуди се моҳ пеш дар пайи ҳамла ба мақари раёсати ҷумҳурӣ захмӣ шуда ва барои муолиҷа ба Арабистони Саудӣ сафар карда буд.
Як хабарнигори озод дар Санъо ба Ал-ҷазира гуфтааст, бозгашти Абдулло Солеҳ ба Санъо мӯътаризони бештарро ба ширкат дар тазоҳуроти рӯзи ҷумъа ташвиқ мекунад.
Яке аз мӯътаризон низ ба хабаргузории Ройтерз гуфтааст, бозгашти вай ба кишвар сабаби ташдиди эътирозҳо хоҳад шуд ва мухолифони ҳукумат имрӯз-ҷумъа ба тазоҳурот даст хоҳанд зад.
Оқои Солеҳ қаблан дар паёми телевизионие хитоб ба мардуми Яман гуфта буд, ки ба зуди ба кишвараш боз хоҳад гашт ва мухолифон низ дар вокуниш ба ин хабар гуфтаанд, ки «иҷозаи бозгашт ба кишварро ба ӯ нахоҳанд дод.»
Аз рӯзи якшанбе то ба ҳол, ҳудуди 100 нафар дар Санъо ва дигар шаҳрҳои дигаи Яман дар даргирӣ байни байни нерӯҳои ҳаводори раиси ҷумҳури Яман ва мухолифони вай кушта шуданд. Аз замони оғози эътирозҳо дар Яман дар январи соли ҷорӣ, беш аз 600 нафар кушта шудаанд ва қудратҳои байналмилалӣ нигарони вуқӯи ҷанги дохилӣ дар ин кишвар ҳастанд.