Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷоми машқи муштараки ПАД дар Лоҳур


Машқҳои ПАД дар Қирғизистон низ доир шуд
Машқҳои ПАД дар Қирғизистон низ доир шуд
Машқҳои ситодии нирӯҳои муштараки зудамали Паймони амнияти дастаҷамъӣ (ПАД) дар тамрингоҳи Лоҳури Тоҷикистон анҷом ёфт. Ин машқҳои мавсум ба “Марказ-2011” аз 19 то 22 сентябр ҳамзамон дар 4 кишвари узви ПАД доир шуд. Дар ин машқҳо шеваҳои муқобила ба гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонуниро тамрин кардаанд. ПАД эътилофи амниятиест, ки 7 кишвари собиқи шӯравӣ, бо шумули Тоҷикистонро дар меҳвари Маскав муттаҳид мекунад. Дар машқҳои Лоҳур танҳо нирӯҳои Узбакистон ширкат накарданд.
XS
SM
MD
LG