Мақомоти расмии Покистон мегӯянд, дар як ҳамлае ба зойирони шиъамазҳаб, ки озими Эрон будаанд, 26 нафар кушта шуданд. Ин ҳодиса рӯзи сешанбе ва дар вилояти Балуҷистон, воқеъ дар шимолуғарби Покистон рух додааст. Гурӯҳи афроди мусаллаҳ ба сӯи автобуси ин зойирон тирандозӣ кардаанд. Масъулияти ҳамларо гурӯҳи суннимазҳаби Лашкари Ҷангӣ бар дӯш гирифтааст, ки масъули даҳҳо ҳамла ба шиъамазҳабон ва қароргоҳҳои ҳукуматӣ дар Покистон дониста мешавад. Покистон, ки 15 дар сади аҳолиаш шиъамазҳаб вале аксарият суннимазҳабанд, гоҳ-гоҳ шоҳиди хушунатҳои мазҳабӣ мешавад.