Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳри Сабҳо ба ҳукумати нави Либия таслим шуд


Нерӯҳои Шӯрои миллии гузори Либия имрӯз вориди шаҳри Сабҳо, воқеъ дар маркази кишвар, шуданд. Ба иттилоъи телевизиони СNN, ҳангоми вуруд ба шаҳр нерӯҳои чирикиён ба ягон муқовимат дучор нашудаанд.

Имрӯз шабакаи телевизионии Аррай ТВ,И Сурия навори садоии раҳбари пешини Либия Муаммар Қаззофиро пахш кард. Дар ин навор ӯ гуфтааст, ки “низоми сиёсии Либия – низоми ҳукумати мардумист ва дар он ҳама либиягиҳо – занону мардон тавассути ширкати дар ҷаласаву кумитаҳои мардумӣ ширкат мекунанд. Аз байн бурдани ин гуна низом ғайримумкин аст. Чӣ гуна мешавад низомеро сарнагун кард, ки такягоҳаш шаҳрвандонанд ва ин шаҳрвандон миллионҳо нафаранд.

Кай сабт шудани ин навор маълум нест. Дар куҷо панаҳ бурдани худи Қаззофӣ ҳам то ҳол пушти пардаи асрор аст.
XS
SM
MD
LG