Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Хуҷанд осорхонаи зиндаи СССР ташкил хоҳад шуд


Ҳайкали аз маркази Хуҷанд барчидашудаи Ленин
Ҳайкали аз маркази Хуҷанд барчидашудаи Ленин
Дар маркази вилояти Суғд як боғи вижаи муҷассамаҳои даврони шӯравӣ ташкил хоҳад шуд. Сухангӯи шаҳрдории Хуҷанд Маҳмудҷон Иброҳимов ба хабаргузории “Регнум” гуфтааст, ин боғ дар соҳили чапи Сирдарё, дар қаламрави Боғи Ғалаба сохта мешавад. Феълан дар ин боғ фақат ҳайкали Ленин гузошта шудааст, вале ба гуфтаи Иброҳимов, дар оянда ҳайкалҳои Марксу Сталин ва Киров низ аз гӯшаҳои дигари вилоят ба ин боғ кӯчонда хоҳанд шуд. Қарор аст, муҷассамаи “Досу болға”-ро низ аз маркази Хуҷанд ба инҷо биоранд.
Ахиран ҳайкали Ленин, ки бузургтарин ҳайкали “доҳии пролетариат” дар Осиёи Миёна маҳсуб мешуд, ҷои худро дар маркази Хуҷанд барои муҷассамаи Исмоили Сомонӣ холӣ кард.
XS
SM
MD
LG