Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Халабон каме нӯшида буд, ки сабаби суқути ҳавопаймо шуд


21 июни соли 2011, боқимондаҳои ҳавопаймо
21 июни соли 2011, боқимондаҳои ҳавопаймо
Муфаттишони рус дар гузорише навиштанд, ки халабони “андак нӯшида” яке аз сабабгорони суқути ҳавопаймо дар шимолуғарби Русия будааст, ки моҳи июн 47 нафарро кушта бар ҷой гузошт. Ҳавопаймои мусофирбари Tu-134 ба ҳангоми кӯшиши нишастан дар фурудгоҳи Петрозаводзк дар ҳавои гирифта ба шохҳои дарахт бархӯрда сарозер шуд. Кумитаи байнидавлатии ҳавонавардӣ, ки барои чанд ҷумҳурии шӯравии пешин хизмат мекунад, дар гузорише мегӯяд, ки яке аз сабабҳои фоҷеа дар он буд, ки халабони асосии ҳавопаймо каме нӯшида буд. Аз миёни 52 мусофиру халабони он танҳо панҷ нафар зинда монданд. Фоҷеаи Петрозаводск танҳо яке аз силсиласуқутҳои ҳавопаймоӣ дар чанд моҳи ҷорӣ мебошад.
XS
SM
MD
LG