Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Размоишҳои муштарак дар Тоҷикистон шурӯъ мешавад


Фардо дар Тоҷикистон размоиши нерӯҳои муштараки вокуниши сареъи кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ шурӯъ мешавад. Дар размоишҳо, ки 3 рӯз дар тамрингоҳи низомии Лоҳур идома мекунад, шеваҳои маҳви гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ тамрин хоҳад шуд. Ба гуфтаи мақомоти расмӣ, дар ин тамринҳои низомӣ, нерӯҳои зудамал ва вокуниши сареъи вазорати дифоъ ва умури дохилаи Тоҷикистон, Арманистон, Қазоқистон, Ҷумҳурии Белорус ва Русия, ки аъзои паймон ҳастанд, ширкат мекунанд. Сарбозони Ӯзбакистон дар размоишҳо ширкат нахоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG