Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суқути маргбори ҳавопаймо дар як намоишгоҳ дар ИМА


Як ҳавопаймо дар намоишгоҳе дар Иёлоти Муттаҳида, суқут кардааст, ки дар натиҷа се нафар кушта ва ҳудуди 50 тани дигар захмӣ шудаанд. Ҳодиса дар намоишгоҳи ҳавопаймоҳо дар наздикии шаҳри Рено дар иёлати Невада ба вуқӯъ пайваст. Ҳавопаймои хурди Пи 51 Мустанг, аз замони Ҷанги ҷаҳонии дуввум, дар миёни мардуми тамошогар афтодааст. Бино ба гузоришҳо, халабони 74-сола ба эҳтимоли ғолиб идораи ҳавопайморо аз даст додааст.
XS
SM
MD
LG