Пайвандҳои дастрасӣ

Муҷрими таркиш дар метро гуноҳашро эътироф кард


Дмитрий Коноваловро ба толори додгоҳ оварданд
Дмитрий Коновалов, муҷрими аслӣ дар таҳияи таркиш дар метрои шаҳри Минск ба гуноҳаш иқрор кард. Муҷрими дуввум Владислав Ковалев қисман айбашро эътироф намуд – ба иттилоъи тафтишот, ӯ дар бораи омодагиҳо ба таркиш огаҳ буд ва аммо дар ин бора ба мақомоти ҳифзи тартибот хабар надод.

Мурофиаи додгоҳии ин сокинони Витебск имрӯз дар шаҳри Минск таҳти чораҳои шадиди амниятӣ шурӯъ шуд – мақомот аз эҳтимоли интиқомситонӣ аз сӯи пайвандони қурбониёни таркиш дар метро нигаронанд.

Бар асари таркиш дар истгоҳи метрои «Октябрская», ки 11 апрел ба вуқӯъ пайваст, 15 нафар кушта ва тақрибан 200 тани дигар маҷрӯҳ шуданд.

Беш аз 120 тан аз осебдидагон дар таркиш дар метрои Минск дар мурофиа ширкат доранд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG