Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши Амрико ба ҳамлаи толибҳо дар Кобул


Вазири умури хориҷии Амрико, Ҳилларӣ Клинтон, гуфт, Вошингтон аз ҳамлаи Толибон ба пойтахти Афғонистон, ки нӯҳ кушта ва зиёда аз 20 захмӣ ба ҷой гузошт, ҳарос нахоҳад дошт.

“Мухолифони хашин ва тундрав, Толибон ва ҳампаймонҳои онҳо бо талошҳои боисрор таҳдид мекунанд ва ба пояи сулҳу пешрафти мардуми Афғонистон теша мезананд. Мо ҳушёр хоҳем буд, вале бо садоқати бузургтаре ҳама гуна кӯмак ба мардуми афғонро, ки ин қадар заҷр кашидааст, медиҳем, то ба ояндаи беҳтари худу фарзандонашон имкон дошта бошанд.”

Дабири кулли НАТО, Андрес фоғ Расмуссен гуфт, ҳадаф аз ин ҳамла баҳам задани интиқоли масъулияти амният ба нерӯҳои Афғонистон буд ва ноком хоҳад монд. Раисиҷумҳури Афғонистон, Ҳомид Карзай гуфт, ин ҳамла ба нерӯҳои амниятиии кишвараш инсиҷом ва қатъияти бештар хоҳад дод. Рӯзи сешанбе сафорати Амрико, ситоди НАТО ва дигар биноҳои маъмурӣ дар маркази пойтахти Афғонистон ҳадафи ҳамла қарор гирифтанд.
XS
SM
MD
LG