Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Ифтитоҳи Маҷмаи умумии Созмони Милал дар Ню Йорк

Маҷмаи умумии Созмони Милал дар қароргоҳи марказии ин созмон дар Ню Йорк ифтитоҳ ёфт. Раиси он Носир Абдулазиз ал-Носир ҷаласаро бо ваъдаи ҳамкории ҷаҳонӣ дар расидагӣ ба бӯҳронҳо, аз низоъҳо гирифта то тағйири иқлим боз намуд. Вай ҳамчунин гуфт, ҳокимони муваққати Либия дар номае аз дабири кулли СММ Бан Ки-мун хостаанд, Шӯрои миллии гузори Либия ба ҳайси ҳукумати ин кишвар шинохта шавад. Ҳафтаи оянда сафари раҳбарони давлат ва паёми онҳо ба маҷмаи умумӣ оғоз хоҳад ёфт.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Талафот аз COVID-19 дар Тоҷикистон ба 63 расид, дар ҷаҳон – ба беш аз 737 ҳазор

Акс аз бойгонӣ

Омори қурбониёни коронавируси нав дар Тоҷикистон тағйир ёфт. Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфт, дар шабонарӯзи гузашта фавти як каси дигарро аз бемори ҳамагир тасдиқ кард ва дар умум шумори ҷонбохтагон аз 30-юми апрел то 11-уми август ба 63 нафар расид.

Дар Тоҷикистон, ба гуфтаи мақомоти расмӣ, то ҳол бештар аз 7870 нафар ба СOVID-19 гирифтор шудаанд, ҳарчанд шубҳа доир ба омори расмӣ зиёд аст.

Ба иттилои вазорати тандурустӣ, 6653 нафар ё 84,5 дарсади беморон шифо ёфтаанд.

Ин дар ҳолест, ки теъдоди гирифторони бемории COVID-19 рӯзи сешанбе дар саросари ҷаҳон аз 20 миллион ҳам гузашт. Коронавируси нав то ҳол зиёда аз 737 ҳазор нафарро куштааст. Беш аз ​12 миллиону 400 ҳазор кас табобат ёфтаанд.

Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бештар аз 5 миллиону 200 ҳазор нафар бемор шудаанд, ки зиёдтар аз ҳар кишвари дунёст. Беморӣ дар инҷо 163 ҳазор нафарро ҳалок кардааст.

Бино ба омори Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс, аз назари сироят Бразилия бо 3 миллион бемор ва Ҳинд бо бештар аз 2.2 миллион гирифтор дар мақомҳои дувуму саввум ҳастанд.

Бо вуҷуди идомаи бедодгарии вирус дар ҷаҳон, Тедрос Адҳаном Гебрейеусус, мудири Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт гуфт, “ҳанӯз ҳам шуълаҳои умед хомӯш нашудаанд”. Ӯ рӯзи 10-уми август ба хабарнигорон гуфт, “ҳарчанд омор баёнгари дарду ранҷи зиёдест”, ҳанӯз ҳам фурсат ҳаст, ки пеши роҳи пандемияро бигиранд.

Ӯ гуфт, барои ин кор ҳукуматҳо бояд чораҳои бештар биандешанд ва мардум тадбирҳои навро бипазиранд. Мудири Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт гуфт, ҳатто дар кишварҳое, ки беморӣ зиёд паҳн мешавад, агар тамоми ҳукумат ва тамоми ҷомеа амал кунад, метавонанд, онро зери назорат дароваранд.

Матолиби бештарро дар бораи бӯҳрони коронавируси нав дар Тоҷикистон дар ин ҷо бихонед

ММД Қазоқистон дар 7 моҳи соли ҷорӣ 3 дарсад кам шудааст

Вазири иқтисоди миллии Қазоқистон Руслан Даленов дар як ҷаласаи ҳукумат аз вазъи 7 моҳи иқтисодиву иҷтимоии кишвараш гузориш дод.

"Истеҳсоли маҳсулот 2,1 дарсад афзуда, хизматрасониҳо 6,2 дарсад коҳиш ёфтааст. Дар натиҷа маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) 2,9 дарсад кам шуд", - гуфт вазир. Вай ҳамзамон афзуд, ки сатҳи таваррум ё беқурбшавии пули миллӣ 7,1 дарсадро ташкил додааст.

Дар моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ дар Қазоқистон савдои хориҷӣ 42,5 миллиард долларро ташкил додааст. Аз ин ҳисоб 26 миллард доллар ин содирот ва 16,5 миллиард доллар воридот будааст.

Моҳе пеш мақомоти он кишвар хабар дода буданд, ки иқтисоди Қазоқистон уфти 1,8 дарсадӣ доштааст. Таварруми солона, бино ба пешбиниҳои ҳукумати он кишвар, 11 дарсадро ташкил хоҳад дод.

Интизор меравад, ки комисияи давлатӣ рӯзи панҷшанбе бекор кардани чораҳои карантинро баррасӣ кунад. Пештар аз даҳҳо соҳибкор дар саросари Қазоқистон аз ҳукумат хостанд, ки ба онҳо иҷозаи аз сар гирифтани фаъолиятро бидиҳад. Дар он кишвар аз 5 июл ба ин тараф карантини такрорӣ амал мекунад.

Эҳтимоли камбуди нерӯи барқ дар Қирғизистон

Дар мавсими тирамоҳу зимистони имсол дар Қирғизистон камбуди нерӯи барқ пешбинӣ карда мешавад. Ин камбуд ба сатҳи ками об дар обанбори Токтогул рабт дорад.

Дар ин бора ширкати "Северэлектро"-и Қирғизистон хабар дод.

Ҳукумати Қирғизистон ҳанӯз дар ибтидои соли ҷорӣ аз камобӣ хабар дода буд. Он замон гуфта мешуд, ки дар тамоми обанборҳои кишвар сатҳи об 10-12 дарсад аз меъёри муқаррарӣ кам хоҳад шуд.

Қирғизистон кишвари сероб ба ҳисоб меравад. Сарфи назар аз ин бо камбуди об барои кишоварзӣ ва истеъмоли сокинон рӯ ба рӯ аст.

Аз соли 2010 ба ин тараф дар Қирғизистон барои таҷдиди нерӯгоҳҳои барқӣ ва сохтани истгоҳҳои барқӣ беш аз 1 миллиард доллар сармоя ҷалб шудааст.

Дар Беларус ба корпартоии саросарӣ даъват карданд

Шаби дувуми эътирозҳо. Минск, 10-уми августи 2020

Коргарони корхонаи дастгоҳҳои барқии ба номи Козлов дар Беларус корпартоӣ карданд. Дар ин бора саҳифаи Nexta дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод. Пештар аз ин дар Беларус аз ҳамаи корхонаҳо даъват шуд, ки аз 11-уми август корпартоии бемуҳлат эълом кунанд.

Ҳадаф аз ин корпартоӣ - "эътирофи Светлана Тихановская ҳамчун президенти нав, озодии тамоми зиндониёни сиёсӣ, баргузории интихоботи нав" унвон шудааст.

"Ҳеч тағйироти сиёсиву иқтисодӣ дар ояндаи наздик дар нақша нест. Мо аз таҳаммули ҳамаи ин хаста шудем ва ба ҳамин хотир корпартоии умумимиллӣ эълом мекунем. Барои ин моро наметавонанд боздошт кунанд", - чунин даъват дар шабакаҳои иҷтимоӣ мечархад.

Рӯзи 9-уми август дар Беларус интихоботи президентӣ баргузор шуд. Ба иттилои расмӣ, раиси ҷумҳури феълӣ Александр Лукашенко 80,08 дарсади ройи мардумро соҳиб шудааст. Мақомот мегӯянд, 10,09 дарсади мардум аз Светлана Тихановская, рақиби асосии Лукашенко, пуштибонӣ карданд. Тихановская ва ҷонибдоронаш бо натиҷаҳои расмӣ розӣ нестанд.

Светлана Тихановская, рақиби аслии Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Беларус дар интихоботи рӯзи 9-уми август буд ва баъди эълони пирӯзии Лукашенко мардуми зиёде ба тазоҳурот баромаданд. Тазоҳурот, ки баъдан ба хушунат печид ду рӯз боз аст, идома дорад.

Дар тазоҳуроти шаби 10-уми август камаш 1 нафар ҳалок шудааст.

Мақомоти Фарғона гуфтанд, ки ба "мавҷи дувум"-и беморӣ омода мешаванд

Яке аз шифохонаҳо дар вилояти Фарғона

Вилояти Фарғона ба мавҷи дувуми бемории COVID-19 омодагӣ мебинад. Дар ин вилояти Узбекистон беш аз 12 ҳазор кат барои гирифторони эҳтимолӣ омода шудааст.

Мақомоти он вилоят хабар доданд, ки 500 дастгоҳи нафасдиҳӣ ва 5 ҳазор дастгоҳи набзсанҷ ба вилоят оварда шудааст.

"Беморхонаҳо бо захираҳои дастгоҳҳову доруҳо таъмин мешаванд. Барои захираи дору 975 ҳазор доллар ҷудо шудааст. Бо 300 ҳазор доллар аз Чин дастгоҳи нафасдиҳӣ ва набзсанҷ харида шуд", - омадааст дар хабари мақомоти он вилоят.

Дар Арманистон дарсҳо моҳи оянда оғоз мешаванд

Бузургтарин шифохонаи шаҳри Ереван, ки онҷо гирифторони СОVID-19 муолиҷа мегиранд.

Баъди бастани мактабҳо дар моҳи март, Арманистон эълон кард, ки аз рӯзи 15-уми сентябр дигарбора дари муассисаҳои таълимиро боз мекунад. Дар ин бора Арайик Ҳарутуниён, вазири маориф рӯзи 10-уми август баъди гуфтугу бо мақомоти ситоди мубориза бо бемории COVID-19 эълон дод.

Ба гуфтаи ӯ, бар иловаи мактабҳо, дар омӯзишгоҳҳо ва мактабҳои махсус ҳам дарс рӯзи 15-уми сентябр оғоз меёбад, вале қарор дар бораи донишгоҳҳоро ҳафтаи оянда қабул мекунанд.

Ба гуфтаи ӯ, тамоми меъёрҳои беҳдоштие, ки ҳукумат муқаррар кардааст, бояд риоят шавад. Дар Арманистон ба сабаби пандемияи коронавируси нав вазъи фавқуллода эълон карданд, ки қарор аст, рӯзи 12-уми август ба поён расад.

Ҳукумат қасд дорад, онро то як моҳи дигар тамдид кунад. Бино ба омори Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинси Амрико, дар Арманистон то кунун бештар аз 40 400 мавриди сирояти коронавирусро сабт кардаанд ва 796 нафар ҳам аз бемории COVID-19 фавтидаанд.

Як нафарро дар назди Кохи Сафед маҷруҳ карданд

Ҳодиса дар инҷо рух додааст.

Як маъмури Хадамоти амниятии раиси ҷумҳури Амрико рӯзи 10-уми август, як мардеро дар назди Кохи Сафед бо зарби тири туфанг маҷруҳ кардааст. Ба гуфтаи мақомоти расмии Амрико ин мард бо аслиҳа ба афсар наздик шуда, силоҳашро берун кашидааст.

Хадамоти амниятии Амрико гуфт, ки марди 51-соларо аз баданаш маҷруҳ кардаанд ва у дар шифохона муолиҷа мегирад. Доир ба вазъи сиҳатии ин мард чизе нагуфтаанд.

Ҳодиса сабаб шуд, ки Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрикоро аз нишасти хабарӣ дар бораи коронавирус барои муддати кӯтоҳе берун баранд, вале ӯ баъдан баргашт ва суҳбатро идома дод.

Ба гуфтаи Хадамоти амниятӣ марде, ки маҷруҳ шуд, ҳангоми навбатдории афсар дар кунҷи як кӯча, ба ӯ наздик шуда ва гуфтааст, мусаллаҳ аст ва онгуна ҳаракат кардааст, ки гӯё аслиҳаро гирифта, афсарро тир мезанад. Ба гуфтаи Хадамоти амниятӣ, ба ҷони ҳеҷ касе дар Кохи Сафед хатар таҳдид накардааст.

Идомаи эътирозҳои пас аз интихобот дар Беларус. АКС

Шоми 10-уми август дар шаҳри Минск пулис ва дигар мақомоти қудратӣ бо эътирозгарон рӯёрӯйӣ карданд. Эътирозгарон бовар доранд, ки натиҷаҳои раъйдиҳӣ ба фоидаи президенти амалкунанда Александр Лукашенко дасткорӣ шудаанд.

Як ширкатдори эътирозҳои Минск шоми душанбе кушта шуд. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Беларус хабар дод.

Аксҳо аз эътирози шаби дувумро дар ин ҷо бинед:

Ба иттилои ВКД, эътирозгарон дар назди истгоҳи метрои "Пушкин" сангар сохтанд. Расонаҳои Беларус ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ки маҳз назди метрои "Пушкин" мақомоти қудратӣ бо эътирозгарон занозанӣ карданд. Пулис аз тирҳои резинӣ ва норинҷакҳои садодор истифода кард.

Дар Беларус рӯзи 9-уми август интихоботи президентӣ баргузор шуд. Ба иттилои расмӣ, Александр Лукашенко, президенти амалкунанда 80,08 дарсади раъйи мардумро соҳиб шуд. Ба ҷонибдорӣ аз Светлана Тихановская, рақиби асосии Лукашенко 10,09 дарсади сокинон раъй додаанд. Тихановская бо натиҷаҳои расмӣ розӣ нест.

Теъдоди мубталоёни СОVID-19 аз 20 миллион ҳам гузашт

COVID-19 то ҳол бештар аз 750 ҳазор нафарро куштааст.

Теъдоди гирифторони бемории COVID-19 дар саросари ҷаҳон аз 20 миллион ҳам гузашт. Коронавируси нав то ҳол бештар аз 750 ҳазор нафарро куштааст. Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бештар аз 5 миллиону 200 ҳазор нафар бемор шудаанд, ки зиёдтар аз ҳар кишвари дунёст. Беморӣ дар инҷо 163 ҳазор нафарро ҳалок кардааст.

Бино ба омори Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс, аз назари сироят Бразилия бо 3 миллион бемор ва Ҳинд бо бештар аз 2.2 миллион гирифтор дар мақомҳои дувуму саввум ҳастанд. Дар Тоҷикистон ба гуфтаи мақомоти расмӣ, то ҳол бештар аз 7800 нафар ба СOVID-19 гирифтор шудаанд ва 62 нафар фавтидаанд, ҳарчанд шубҳа доир ба омори расмӣ зиёд аст.

Бо вуҷуди идомаи бедодгарии вирус дар ҷаҳон, Тедрос Адҳаном Гебрейеусус, мудири Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт гуфт, “ҳанӯз ҳам шуълаҳои умед хомӯш нашудаанд”. Ӯ рӯзи 10-уми август ба хабарнигорон гуфт, “ҳарчанд омор баёнгари дарду ранҷи зиёдест”, ҳанӯз ҳам фурсат ҳаст, ки пеши роҳи пандемияро бигиранд.

Ӯ гуфт, барои ин кор ҳукуматҳо бояд чораҳои бештар биандешанд ва мардум тадбирҳои навро бипазиранд. Мудири Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт гуфт, ҳатто дар кишварҳое, ки беморӣ зиёд паҳн мешавад, агар тамоми ҳукумат ва тамоми ҷомеа амал кунад, метавонанд, онро зери назорат дароваранд.

Вазирони Олмону Русия дар бораи лӯлаи нав газ гуфтугӯ мекунанд

Ҳейко Маас қаблан бо ҳамтои амрикоиаш ҳам дар бораи лӯла гуфтугу кардааст.

Ҳейко Маас, вазири умури хориҷии Олмон имрӯз бо ҳамтои русаш Сергей Лавров дар Маскав мулоқот мекунад ва тарҳи бунёди лӯлаи гази Маҷрои шимолӣ – 2 мавзуи суҳбат аст. Ин лӯлаи газ, ки аз зери Баҳри Сиёҳ мегузарад, содироти гази русӣ ба ин Олмонро ду баробар зиёд мекунад. Лӯла, ки бидуни убури қаламрави Украина ба Олмон мерасад, Украинаро аз миллиардҳо доллар ҳаққи транзити гази русӣ маҳрум мекунад.

Амрико мухолифи деринаи бунёди лӯла мегӯяд, ки Маҷрои шимолӣ-2 бо сахт пойбанд кардани Олмон ба гази Русия, амнияти Аврупоро зери хатар мегузорад. Амрико то кунун ба зидди баъзе аз ширкатҳо, ки дар иҷрои тарҳи мазкур саҳм мегузоранд, таҳрим ҷорӣ кардааст. Олмон амалкарди Амрикоро танқид кард ва баъзеҳо мегӯянд, мухолифати Амрико аз он сабаб аст, ки мехоҳад, гази моеъи худашро ба Иттиҳоди Аврупо бифурӯшад.

Ҳейко Маас, рӯзи 9-уми август бо Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико гуфтугуе дошта ва аз таҳдиди Амрико барои эъмоли таҳрим ба зидди як ширкати муттасадии бандаре дар Олмон изҳори ноумедӣ кардааст. Аз ин бандар киштиҳое истифода мебаранд, ки барои бунёди лӯла кор мекунанд.

Светлана Тихановская ба Литва рафтааст

Светалан Тихановская дар як нишасти хабарӣ дар рӯзи 10-уми август.

Светлана Тихановская, номзад ба мақоми раиси ҷумҳури Беларус ба Литва рафта ва сиҳату саломат будааст. Дар ин бора Линас Линкевичус, вазири умури хориҷии Литва рӯзи 11-уми август дар саҳифааш дар Твиттер хабар дод. Ӯ баъдан ба хабаргузории Франс Пресс гуфтааст, “Ӯ ба Литва омад ва солим аст.”

Светлана Тихановская, рақиби аслии Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Беларус дар интихоботи рӯзи 9-уми август буд ва баъди эълони пирӯзии Лукашенко мардуми зиёде ба тазоҳурот баромаданд. Тазоҳурот, ки баъдан ба хушунат печид ду рӯз боз аст, идома дорад.

Дар тазоҳуроти шаби 10-уми август камаш 1 нафар ҳалок шудааст. Аъзои ситоди интихоботии Светлана Тихановская, баъди берун омадани ӯ аз Комиссияи марказии интихобот дигар ӯро надидаанд. Қаблан худаш гуфт, ки дар интихобот ӯ пирӯз шудааст, на Лукашенко.

Ду бародарро дар Туркманистон барои эътиқодашон бори дувум зиндонӣ карданд

Бародарон Санҷарбек ва Элдор Сабуровҳо.

Бародарон Сабуровҳо дар Туркманистон, ки пайрави Шоҳидони Яҳво ҳастанд, бори дувум бо айни як айб зиндонӣ шуданд. Дар ин бора намояндаи созмони Шоҳидони Яҳво Ҷаррод Лопес хабар дод.

Ба гуфтаи вай, додгоҳе дар Туркманистон рӯзи 6 август Элдор Сабурови 21-сола ва Санҷарбек Сабурови 25-соларо дусолӣ зиндонӣ кард. Ин ду бародар барои саркашӣ аз адои хизмати ҳарбӣ зиндонӣ шуданд. Бародарон ба далели боварҳои мазҳабиашон намехоҳанд, сарбоз шаванд.

Ба навиштаи созмони Шоҳидони Яҳво, дар Туркманистон даҳҳо шаҳрванд ба далели ақидаҳои мазҳабиашон зиндонӣ ҳастанд.

Мушкили бародарон Сабуровҳо дар Туркманистон чанд сол аст, ки давом дорад. Санҷарбек Сабуров бори аввал дар соли 2016 зиндонӣ шуда буд. Он замон ҳам додгоҳ ӯро барои саркашӣ аз адои хизматӣ ҳарбӣ ва дар даст гирифтани силоҳ ду сол зиндонӣ карда буд.

Додгоҳи Бишкек хабарнигори узбекистониро як моҳ ҳабс кард

Бобомурод Абдуллоев.

Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкеки Қирғизистон рӯзноманигори узбекистонӣ Бобомурод Абдуллоевро то 8 сентябр ба ҳабс гирифт.

Тимур Султонов, вакили мудофеи Абдуллоев гуфт, ки аз қарори додгоҳ розӣ нест. "Мо, вакилони мудофеъ бар ин назарем, ки қарори додгоҳ ғайриқонунӣ ва беасос аст. Аз ҳамин хотер ба додгоҳи шаҳрӣ шикоят мебарем", - гуфт вай.

Намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон гуфт, ки Бобомурод Абдуллоевро рӯзи 8 август бо дархости Узбекистон боздошт кардаанд.

Ба гуфтаи вакили мудофеи рӯзноманигор, Абдуллоев дар Узбекистон бо моддаи "Бадномсозии президенти Узбекистон" ва "Бадномсозии сохти конститутсионии Узбекистон" айбдор мешавад.

Бобомурод Абдуллоев моҳи сентябри соли 2017 аз сӯи мақомоти амниятии Узбекистон дар шаҳри Тошканд боздошт шуда буд. Ӯро дар навиштани мақолаҳо зидди сохтори конститутсионии Узбекистон бо номи мустаор айбдор карданд.

Додгоҳ моҳи майи соли 2018 Абдуллоевро ба 1,5 соли корҳои ислоҳӣ маҳкум ва аз толори додгоҳ раҳо кард.

Бобомурод Абдуллоев бо даъвати Донишгоҳи амрикоӣ дар Осиёи Марказӣ барои таҳсили муваққат ба шаҳри Бишкек омада буд. Аммо баъди анҷоми таҳсил ба далели баста шудани марзҳо натавонист, ки ин кишварро тарк кунад.

Дар Қазоқистон бештар аз 2,2 млн кас кӯмаки давлатӣ дарёфт карданд

Бештар аз 2,2 миллион қазоқистонӣ дар робита ба тамдиди муҳлати карантин дар ҳаҷми 50 доллари ИМА кӯмаки якдафъаинаи давлатӣ дарёфт карданд. Дар ин бора рӯзи 10 август аз ҳукумати Қазоқистон хабар доданд.

То рӯзи 10 август 2,5 миллион шаҳрванд барои дарёфти кӯмак дар ҳаҷми 100 доллари ИМА ариза додаанд. Ин ҳаҷми кӯмакро ҳукумати Қазоқистон дар робита ба аз даст додани даромади сокинон дар пайи эъломи карантин ваъда дода буд. Мақомот гуфтанд, қабули дархостҳо барои дарёфти кӯмак то моҳи сентябр идома мекунад.

Дар Қазоқистон 5 июл, баъди бештар шудани шумори гирифторони коронавирус, дубора карантин эълом шуд. Дар ибтидо карантин барои 14 рӯз эълом шуд, аммо баъдтар онро то 17 август тамдид карданд.

Ба иттилои расмӣ, дар Қазоқистон наздики 100 ҳазор гирифтори вируси корона ва 1269 ҳолати марг аз ин вирус сабт шудааст.

Узбекистониҳое, ки аз Русия баргаштанд, карантин шуданд

Марзи Қазоқистон бо Узбекистон.

Наздики ҳазор тан аз узбекистониҳое, ки баъди чанд рӯзи банд мондан дар марзи Русия бо Қазоқистон ниҳоят ба Узбекистон оварда шуданд, дар вилояти Намангон ба карантин гирифта шуданд. Дар ин бора аз мақомоти вилояти Намангон хабар доданд.

Ин шаҳрвандонро рӯзи 9 август тариқи қатора аз вилояти Самараи Русия ба Узбекистон оварданд.

"Шаҳрвандон сокинони ноҳияҳои мухталифи кишвар ҳастанд. Ҳамаи онҳо 10 рӯз таҳти назорат мемонанд", - омадааст дар хабари мақомоти вилояти Намангон.

Аз оғози паҳншавии ин бемории фарогир дар Русия бисёре аз муҳоҷирони Осиёи Марказӣ бекор ва бе даромад монданд. Қисме аз онҳо тасмим гирифтанд, ки ба ватанҳояшон баргарданд. Аммо баста будани марзи байни давлатҳо баргаштани онҳоро мушкил кард.

Дар Тоҷикистон 42 нафари дигар ба СOVID-19 гирифтор шудаанд

Пизишкон дар яке аз шифохонаҳои вилояти Хатлон

Дар як шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 42 нафари дигар ба бемории СOVID-19 гирифтор шудаанд. Дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ иттилоъ дод, ки аз 30-юми апрел то 10-уми август дар Тоҷикистон, дар маҷмуъ, коронавируси нав ба 7827 нафар сироят карда, 62 нафар аз ин беморӣ ҷони худро аз даст додаанд. Ба иттилои расмӣ, 6614 нафар ё 84 дарсад шифо ёфтаанд. Дар Тоҷикистон ба дурустии омори расмии қурбониён ва гирифторони COVID-19 шак мекунанд. Дар як феҳрасти ғайрирасмӣ дар Интернет номи беш аз 400 нафар зикр шудааст, ки гуфта мешавад аз бемории СOVID-19 ва илтиҳоби шуш даргузаштаанд.

Таркиши бомб дар марзи Покистону Афғонистон 5 нафарро кушт

Ҷойи ҳодиса

Бомбе, ки мошини нерӯҳои мубориза бо қочоқи маводи мухаддири Покистонро ҳадаф қарор дода буд, рӯзи 10-уми август дар бозори пуродам дар наздикии марз бо Афғонистон таркид. Дар натиҷа, камаш 5 нафар кушта ва 10 нафари дигар бо ҷароҳатҳо ба бемористон бурда шуданд. Дар ин бора пулиси маҳаллӣ иттилоъ дод.

Дар иттилоияе, ки барои хабарнигорон дар Покистон дода шуд, гуфта мешавад, масъулияти ҳамларо дар шаҳри ноороми Чаман “Ҷамоат-ул-Аҳрор”, як шохаи аз Толибон ҷудошудаи силоҳбадастон бар дӯш гирифтанд.

Ба гуфтаи мақомот бомб дар мототсикл ҷобаҷо шуда буд ва тавассути дастгоҳи аз масофа идорашаванда ба кор дароварда шуд.

Муовини сардори пулиси шаҳри Чаман ба Радиои Озодӣ гуфт, кушташудагон афроди мулкӣ буданд. Вай афзуд, ду узви “Ҷамоат-ул-Аҳрор” низ дар натиҷаи инфиҷор захм бардошта, дар маҷмуъ вазъи 7 нафар аз маҷруҳон “вазнин” аст.

Нерӯҳои амниятӣ ва пулис маҳалли ҳодисаро иҳота карданд. Ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ, чанде аз фурӯшгоҳҳо ва мошинҳои сабукрав вайрон шуданд. Имрон Хон, нахуствазири Покистон ҳамларо маҳкум кард.

Инфиҷор пас аз он рух дод, ки нерӯҳои қудратии Покистон ба сӯи гирдиҳамомадагон дар як раҳпаймоӣ дар ин шаҳр оташ кушоданд. Гузаргоҳи марзии Чаман бинобар пандемияи коронавирус бастааст ва имкон намедиҳад, ки сокинон сарҳади Афғонистонро гузаранд.

Ёрии Иттиҳоди Аврупо ба мактабу бунгоҳҳои тиббии Айниву Панҷакент

Акс аз бойгонӣ

Созмони Оксфам бо сарпарастии Иттиҳоди Аврупо ба 47 бунгоҳи тиббӣ ва 53 мактаби ҳамагонии ноҳияи Айнӣ ва шаҳри Панҷакент бастаи маводи зиддиуфунӣ медиҳад.

Ин бастаҳо ба хотири пешгирӣ аз сирояти бемории COVID-19 тақдим мешаванд ва арзиши умумии кумакҳо ба беш аз 287 ҳазор сомонӣ, муодили 28 ҳазор доллар мерасад.

Дафтари Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе рӯзи 10-уми август гуфт, аз ин иқдом зиёда аз 75 ҳазор сокини деҳот ва тақрибан 17 ҳазор хонандаву омӯзгор баҳра хоҳанд бурд.

Ин кор бо ҳадафи пешгирӣ аз бемории ҳамагир сурат гирифта, Оксфам тасмим дорад, дар мубориза ба зидди такроран паҳн шудани пандемия саҳм гузорад.

Иттиҳоди Аврупо аз оғози пандемияи коронавирус барои пешгирӣ аз густариши короновирус ба қадри 47 миллион евро грант ва ё кумакҳои билоиваз ҷудо кард.

Ба иттилои Бонки Миллии Тоҷикистон, кишвару созмонҳои байнулмилалии молӣ аз оғози пандемияи коронавирус ба кишвар беш аз 300 доллар қарзу грант додаанд.

Молики расонаҳо дар Ҳонгконг ба "ҳамкорӣ бо хориҷиҳо" муттаҳам шуд

Ҷимми Лай

Ҷимми Лай, молики расонаҳоро дар Ҳонгконг, рӯзи 10-уми август бар асоси қонуни нави амниятӣ, ки аз тарафи Чин қабул шуд, дастгир карданд. Боздошти ӯ эътирози Созмони Милали Муттаҳид ва мудофеони озодии баёнро ба бор овард.

Бино ба қонуни нави амниятӣ, ки Пекин дар ин шаҳр аз 30-юми июн ҷорӣ кард, Лай "ба ҳамкорӣ бо нерӯҳои хориҷӣ" муттаҳам шуд. Полис ҳамчунон идораи марказии нашрияи ӯро кофтукоб кард.

Лайи 71-сола, молики нашрияи машҳури Apple Daily, яке аз фаъолони барҷастаи демократия ва аз мунтақидони ашаддии Пекин буд.

Боздошти Лай дар пасманзари саркӯби нерӯҳои мухолифони демократихоҳ аз сӯи Пекин нигарониҳоро дар мавриди озодии матбуот ва дигар ҳуқуқу озодиҳо бештар мекунад. Замоне ки Ҳонгконг соли 1997 аз мустамликаи Бритониё ба ихтиёри Пекин гузашт, ин ҳуқуқу озодиҳо кафолат дода шуда буд.

Идораи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид аз боздошти Ҷимми Лай шадидан ибрози нигаронӣ карда, аз мақомот тақозо кард, ки ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро кафолат дода, аз қонуни нав сӯистифода накунанд.

Кумитаи дифоъ аз журналистон (CPJ), қароргоҳаш дар Ню- Йорк, ин боздоштро танқид кард.

Қонуни нав фаъолияти вайронгарона, терроризм ва ҳамкорӣ бо нерӯҳои хориҷиро манъ карда, ҳадди ақал даҳ соли зиндон ва ё дар баъзе ҳолатҳо ҳабси якумриро дар назар дорад.

Туркияву Иморот парвозҳоро ба Қирғизистон аз сар гирифтанд

Туркия ва Имороти Муттаҳидаи Араб бо Қирғизистон парвозҳои доимиро ба роҳ монданд.

Аз Вазорати нақлиёт ва роҳҳои Қирғизистон хабар доданд, ки айни замон барои барқарорсозии равуои ҳавоӣ бо Русияву Чин гуфтугӯҳо идома доранд. Бо ин вуҷуд дақиқ нест, ки равуои қаторҳои мусофирбар ва дигар навъи нақлиёти заминӣ байни кишварҳо кай ба аз сар гирифта мешавад.

Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, парвозҳо байни Туркияву Қирғизистон ва Имороти Муттаҳидаи Араб бо Қирғизистон аз 10-уми август ба роҳ монда мешавад.

Баъди он ки дар моҳи март нахустин ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус дар Қирғизистон сабт шуд, марзҳои он кишвар баста ва низоми фавқулода ҷорӣ шуд.

Бил Гейтс: Амрико дар назорати коронавирус аз дигарон ақиб монд

Бил Гейтс

Бил Гейтс, бунёдгузори ширкати "Майкрософт", мегӯяд, Амрико дар контроли бемории коронавируси нав аз кишварҳои дигар ақиб мондааст. Вай рӯзи 9-уми август дар суҳбат бо шабакаи телевизионии CNN гуфт, Иёлоти Муттаҳида натавонист барномаи санҷиши коронавирусро ба таври кофӣ анҷом диҳад.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида аз барномаи ташхиси коронавирус дар ин кишвар дифоъ кардааст. Ӯ иддао дорад, ки ошкор шудани мавридҳои зиёди вирус дар Иёлоти Муттаҳида ба он хотир баланд аст, ки санҷишҳои бисёре дар ҳоли иҷро шудан аст.

Бар асоси маълумоти Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс, шумори беморони коронавируси нав дар Иёлоти Муттаҳида аз 5 миллион нафар бештар шуд. Дар ин кишвар 162 ҳазор кас аз COVID-19 ҷони худро аз даст додаанд.

Созмонҳои хайрия гуфтанд, ки ба Бейрут ёрӣ медиҳанд

Сокинони Бейрут баъд аз таркиши азим дар ин шаҳр, рӯзҳои шанбе ва якшанбе даст ба тазоҳуроти хашин заданд. Рӯзи якшанбе созмонҳои хайрияи байнулмилалӣ аз оғози маъракаи ҷамъоварии кумак ба Лубнон хабар доданд. Бино ба баҳогузории Созмони Милал, барои бартарафсозии пайомадҳои таркиши рӯзи 4-уми август дар пойтахти Лубнон тақрибан ба 117 миллион доллар ниёз ҳаст. Дар натиҷаи таркиш 160 кушта, ҳазорон тан маҷруҳ ва наздики 300 ҳазор шаҳрванд бесарпаноҳ монданд. Эммануэл Макрон, президенти Фаронса бо Созмони Милал нишасти маҷозӣ баргузор ва масъалаи кумак ба Лубнонро баррасӣ кард. Даҳҳо кишвар изҳор доштанд, ки омодаи ёрӣ расондан ҳастанд. Дастгоҳи президенти Фаронса хабар дод, ки айни замон барои кумак ба Лубнон 298 миллион доллар ҷамъ шудааст. Мақомоти Лубнон гуфтанд, таркиш 15 миллиард доллар хисорот овардааст. Гуфта мешавад, селитраи аммиак, ки дар анборҳои бандар нигаҳдорӣ мешуд, боис ба таркиш шудааст. Эҳсоси ноумедии мардум якбора ба эътироз табдил шуд. Сокинон мегӯянд, хунукназарӣ ва идораи номуваффақонаи элитаи сиёсӣ боис ба таркиш шудааст.

Шӯрои Ҳамкории Халиҷ аз идомаи таҳримҳо ба зидди Эрон пуштибонӣ кард

Шӯрои Ҳамкории Халиҷ бо ирсоли номае ба Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид аз дароз шудани таҳрими таслиҳотии Эрон пуштибонӣ кардааст.

Иёлоти Муттаҳида ба шиддат пофишорӣ кард, ки набояд гузошта шавад то ин таҳримҳо дар моҳи октябр ба анҷом бирасад.

Шӯрои Ҳамкории Халиҷ аз Баҳрайну Кувайт, Аммон, Қатар, Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ иборат аст.

Дар номае, ки дирӯз фиристоданд, омадааст: "Аз замони имзои мувофиқатномаи ҳастаӣ бо Эрон дар соли 2015, Эрон мудохилаи мусаллаҳона дар умури кишварҳои ҳамсояро коҳиш надода, ё мутаваққиф насохтааст."

Аббос Мӯсавӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон дархости Шӯрои Ҳамкории Халиҷ барои тамдиди таҳрими таслиҳотии Эронро накӯҳиш кардааст. Амрико дар ин ҳафта талош хоҳад кард, то Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ин таҳримҳоро дароз кунад.

Қирғизистон боздошти рӯзноманигори узбекистониро тасдиқ кард

Бобомурод Абдуллоев

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон (КДАМ) боздошти Бобомурод Абдуллоев, рӯзноманигори узбекистониро тасдиқ кард. Пештар аз ин дар бораи боздошти Абдуллоев вакили мудофеаш Тимур Қарабоев хабар дода буд.

КДАМ мегӯяд, Абдуллоев рӯзи 8-уми август боздошт шуд, дар ҳоле ки вакили мудофеаи вай гуфт, Абдуллоевро шоми 9-уми август боздошт карданд.

Боздошти рӯзноманигорро ба иҷрои Конвенсияи Минск дар бораи кумаки ҳуқуқӣ ва муносибатҳои ҳуқуқӣ дар доираи парвандаҳои шаҳрвандӣ, хонаводагӣ ва ҷиноӣ рабт доданд. Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, Абдуллоевро мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Узбекистон барои содир кардани чанд ҷиноят дар пайгард қарор додаанд.

Абдуллоев дар боздоштгоҳи КДАМ нигаҳ дошта мешавад. Айни замон Додситонии кулли Қирғизистон масъалаи истирдоди ӯро ба Узбекистон баррасӣ мекунад.

Вакили мудофеи рӯзноманигор гуфт, ӯро дар яке аз қаҳвахонаҳои шаҳри Бишкеки Қирғизистон боздошт кардаанд.

Сабти 332 ҳолати нави гирифторӣ ба COVID-19 дар Қирғизистон

Дар Қирғизистон дар як рӯзи охир 332 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт шудааст. Дар ин бора аз Ситоди ҷумҳуриявии он кишвар хабар доданд.

Ба иттилои ситод, дар як рӯзи охир ҳамзамон 8 ҳолати марг аз коронавирус ба қайд гирифта шудааст.

Шумори умумии гирифторон ба коронавирус дар Қирғизистон ба 39 ҳазору 919 ва шумори фавтидагон ба 1468 кас расидааст.

"Дар кишвар ҳолатҳои дубора мубталошавии сокинон ба қайд гирифта нашудааст", гуфт Таланд Сооронбоев, як мақомдори вазорати тандурустии Қирғизистон дар нишасти хабарии рӯзи 8 август.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG