Нархи бензин дар Тоҷикистон танҳо дар як ҳафтаи охир 3,1 дарсад баланд рафтааст. Мақомоти вазорати иқтисод мегӯянд, дар муқоиса бо сентябри соли 2010 нархи бензин дар Тоҷикистон тақрибан 50 дарсад афзуда, акнун дастикам ба 6 сомониву 60 дирам барои ҳар литр расидааст. Ширкати «Газпромнефт-Тоҷикистон» - умдатарин воридкунандаи бензин ба ин кишвар – аз 5 сентябр фурӯши бензини октанаш зиёдро маҳдуд карда, гуфт, аз 13 сентябр фурӯши чунин бензинро то расидани бори нав комилан қатъ хоҳад кард. Нархи маводди сӯхт дар Тоҷикистон аз моҳи апрел, баъди онки Русия ба содироти маводди нафтиаш боҷ эъмол кард, рӯ ба афзоиш овард. Феълан Русия барои ҳар тонна бензине, ки ба Тоҷикистон мефурӯшад, 399,7 доллар боҷ меситонад.