Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳои забони довталабони раёсати ҷумҳури Қирғизистон


Чаҳор довталаби номзад ба мақоми раиси ҷумҳури Қирғизистон дар имтиҳони забони давлатӣ баҳои манфӣ гирифтаанд, ки поёни роҳ дар рақобат барои расидан ба курсии раиси ҷумҳур аст. Кумиссиёни забони Қирғизистон баъди санҷиши дониши довталабон Саидбек Бойғудиев, Эркин Болекбоев, Мамбетюнус Абилов, Замирбек Фармонқулов гуфт, ки ин афрод, ба қадри кофӣ забони давлатиро намедонанд ва аз ин рӯ шоистаи номзад ба мақоми раиси ҷумҳур нестанд. Бисёре аз сиёсатмадорони Қирғизистон бештар бо забони русӣ ҳарф мезананд ва забони модарии худро ба таври муносиб намедонистаанд. Қирғизистон моҳи октябр интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дорад ва 30 нафар довталаби номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ ҳастанд.
XS
SM
MD
LG