Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯи маросимҳои ёдбуд дар Амрико


Барак Обама ва Ҷорҷ Буш дар Граунд Зеро
Барак Обама ва Ҷорҷ Буш дар Граунд Зеро
Дар ИМА маросими ёдбуди қурбониёни ҳамлаҳои террористии рӯзи 11 сентябри соли 2001 ба Ню-Йорку Вошингтон шурӯъ шуд.

Маросими пуриздиҳомтарин дар Манҳеттени Ню-Йорк, дар мавзеи даҳ соли ахир маъруф ба Граунд Зеро, ки ду бинои мӯҳташами Созмони ҷаҳонии тиҷорат қомат афрохта буданд, баргузор мешавад. Таври маъмул, аъзои хонаводаҳои қурбониёни ҳамлаҳо ному насаби тақрибан 3 ҳазор нафари бар асари суқути ҳавопаймоҳо ва аз тахриби биноҳо ба ҳалокатрасидаро қироат мекунанд. Ва чаҳор маротиба – лаҳзаҳое, ки даҳ сол пеш ду ҳавопаймо ба биноҳои Сомони ҷаҳонии тиҷорат дар Ню-Йорк, як ҳавопаймои дигар ба бинои Пентагон бархӯрда, ҳавопаймои чаҳорум дар аёлати Пенсилвания ба замин сарозер шуд, ширкатдорони маросими ёдбуд як дақиқа сукут мекунанд.

Субҳи якшанбе раисиҷумҳури ИМА Барак Обама аз Вошингтон ба Ню-Йорк парвоз кард. Дар изҳороти Кохи Сафед гуфта шудааст, "раисиҷумҳур мехоҳад ин рӯз дар шаҳре бошад, ки фоҷиаи мудҳишро аз сар гузаронидааст". Дар маросими ёдбуд ҳамроҳ бо ӯ Ҷорҷ Буш ҳам хоҳад буд, ки даҳ сол қабл сарварии кишварро бар дӯш дошт.

Ва аммо баъд аз зӯҳр, ба навиштаи хабаргузориҳо, Барак Обама ҳамчунин аз дигар ҷойҳои фоҷиаи 11 сентябр – Пентагон ва мавзеъи Шэнксвили аёлати Пенсилвания дидан мекунад.
XS
SM
MD
LG