Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мустафо Абдул Ҷалил ба Троблус омад


Мустафо Абдул Ҷалил
Мустафо Абдул Ҷалил
Мустафо Абдул Ҷалил, раиси Шӯрои милли гузори таъсискардаи чирикиҳои Либия, бори аввал баъд аз шурӯъи ошӯб алайҳи Муаммар Қаззофӣ вориди пойтахт – шаҳри Троблус шуд.

Зимни суханронӣ дар фурудгоҳи пойтахт ӯ шаҳрвандонро ба иттиҳоду омурзиш даъват намуд ва афзуд, ки ин барои эҳёи ҳарчӣ зудтари кишвар зарур аст.

Ба гуфтаи Мустафо Абдул Ҷалил, раҳбари суқуткардаи кишвар ҳанӯз сармояи бузургро дорост ва ба сафи худ мусаллаҳони навро ҷалб хоҳад кард. Мо бояд дар назар дошта бошем, ки ҳанӯз аз болои Қаззофӣ комилан пирӯз нашудаем, изҳор намуд ӯ.

Раиси Шӯрои милли гузор афзуд, ки ҳадафи асосӣ – озод кардани шаҳрҳои Бани Валид, Сабҳа ва Сирт аз ҷонибдорони Қаззофист.

Рӯзи шанбе, бар пояи иттилоъи тайиднашуда, ҳавопаймои НАТО ба мавқеъҳои ҷонибдорони Қаззофӣ дар Бани Валид зарба заданд. Дар ин шаҳр ва дар атрофи шаҳри Сирт задухӯрдҳо идома доранд.
XS
SM
MD
LG