Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми зиндони мухолифони мусаллаҳ дар Гурҷистон


Додгоҳи Гурҷистон имрӯз 15 тарафдори мухолифонро бо иттиҳоми ташкили гурӯҳи ғайриқонунии мусаллаҳ барои бозгашти сиёсатмадори фирорӣ ба Гурҷистон ба ҳабс маҳкум кард. Бино бар изҳороти додгоҳи шаҳри Тифлис, ин афрод пас аз исботи ҷурм ва зимни муомила, ба мӯҳлатҳои аз шаш моҳ то шаш сол зиндонӣ шуданд. Гурӯҳи мусаллаҳ нақша дошт, вазири пешини дифоъ Ираклий Окруашвилиро, ки пас аз мухолифташа бо ҳукумат ва иттиҳоми фасод, Гурҷистонро тарк кард, дар ҷараёни тазоҳуроти хушунатомези моҳи май ба кишвар бозгардонад.
XS
SM
MD
LG