Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақвияти нерӯҳои шӯришиён дар атрофи Бани Валид


Бино ба гузоришҳо, ҳокимони муваққати Либия барои ишғоли шаҳри Бани Валид, яке аз охирин такягоҳҳои Муаммар Қаззофӣ нерӯҳои бештар фиристодаанд. Мақомоти Шӯрои миллии гузори Либия гуфтанд, баъди он ки Қаззофӣ ҳаводоронаш дар ин шаҳрро ба ҷанг даъват кард, нерӯҳояшонро дар атрофи Бани Валид тақвият бахшиданд. Айни замон Шӯрои миллии гузор дар талош барои монеъ шудан ба фирори атрофиёни Қаззофӣ ба ҳамсоякишвари Нигер намояндаҳояшро ба он ҷо фиристодааст. Ҳафтаи гузашта як корвон атрофиёни Қаззофӣ ба Нигер фирор кард, аммо гуфта мешавад, худи Қаззофӣ дар миёни онҳо набудааст.
XS
SM
MD
LG