Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бадахшон истиқлоли Тоҷикистонро ҷашн мегирад


Ҷашни Рӯзи истиқлоли Тоҷикистон дар Хоруғ
Ҷашни Рӯзи истиқлоли Тоҷикистон дар Хоруғ
Субҳи 7 сентябр дар намоиши идона бахшида ба 20-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ зиёда аз 10 ҳазор сокинони вилояти Мухтори Қӯҳистони Бадахшон ширкат варзиданд.
Ровии намоиши идона журналист Файзи Мирҳасан мегӯяд, ин серодамтарин ва пуршукӯҳтарин намоиш дар Хоруғ пас аз суқути шӯравӣ будааст.
Қариб1000 нафар аз сарбозони нерӯҳои марзбонӣ ва ҷузву томҳои Вазорати дифои Тоҷикистон аз кӯчаи марказии шаҳр гузаштанд. Кормандони корхонаву муассисаҳо бо шиоирҳои зиёд, ки аз дастовардҳои 20 соли истиқлоли кишвар ҳикоят мекарданд, дар саф ҳаракат намуданд.
Дар намоиши идонаи субҳи 7-уми сентябр муовини сарвазири Тоҷикистон Муродалӣ Алимардонов ва вазири меҳнат ва шуғли аҳолӣ Муҳаммадамин Муҳаммадаминов ширкат варзиданд.
XS
SM
MD
LG