Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми Додгоҳи Гаага ба як фармондеҳи серб


Додгоҳи Созмони Милал дар умури ҷиноёти ҷангӣ, Момсило Перисич, раиси артиши Югославияи собиқро ба қатлу озори ғайринизомиён дар ҷараёни ҷангҳои Балкан дар солҳои 90-ум дар Босния ва Хорватия гунаҳкор донист ва ӯро ба 27 соли зиндон маҳкум кард. Додгоҳи Созмони Милал дар умури ҷиноятҳои ҷангӣ дар Югославияи собиқ қароргоҳаш дар Гаага, рӯзи сешанбе Перисичи 67-соларо ба хотири ҳимояти молӣ ва тадорукотӣ ба сербҳо дар Босния ва Хорватия ва кӯмак ба онҳо барои барномарезӣ ва иҷрои ҷиноятҳои ҷангӣ, аз ҷумла қатли 8 ҳазор наврас ва мардони мусулмон дар Сребрениста ва муҳосираи 42 моҳаи шаҳри Сараево гунаҳкор донист. Аммо ӯ Момсило Перисич тамоми иттиҳомро рад кардааст.
XS
SM
MD
LG