Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифтитоҳи ҷашнвораи филмҳои мусалмонӣ дар Қазон


Имрӯз дар Қазон – пойтахти Ҷумҳурии Тотористони Русия - ҷашнвораи байналмилалии филмҳои мусалмонӣ оғоз ба кор кард. Ҷашнвораи «Синамои мусалмонӣ», ки то соли 2009 «Минбари тилоӣ» ном дошт, то 11 сентябр идома хоҳад ёфт. Дар ин сабқат филмҳои сохтаи Боснияву Озарбойҷон, Қазоқистону Қирғизистон ва Русия намоиш дода хоҳанд шуд. Имсол дар ду бахши алоҳида намоиши филмҳои коргардонҳои тотору узбак низ дар назар гирифта шудааст. Барои барномаи асосии ҷашнвораи Қазон 39 филм интихоб шуда, 15 филми дигар берун аз сабқат намоиш дода мешаванд.
XS
SM
MD
LG