Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хашми мудофеъони ҳуқуқи башари қирғиз аз ...


Ҳалокати як ӯзбактабори боздоштшуда дар вилояти Ӯш хашми мудофеъони ҳуқуқ дар Қирғизистонро барангехтааст. Маҳмадазиз Бузрукови 63-сола, ки ӯро ба қатлу роҳзанӣ дар низоъҳои қавмии моҳи июн дар шаҳри Ҷалолободу Ӯш муттаҳам мекарданд, рӯзи 1 сентябр дар зиндон даргузашт. Мақомот гуфтанд, сактаи қалб сабаби марги ӯ будааст, аммо Равшан Ғафуров, раҳбари созмони ғайриҳукуматии “Адолат ва Ҳақиқат” ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, Маҳмадазиз Бузруков, бар асари латукӯбу шиканҷаи маъмурони пулис ҷон додааст. Яке аз фарзандони Маҳмадазиз дар низоъҳои хунини соли 2010 кушта шудааст ва фарзанди дигараш бо иттиҳоми ширкат дар ин низоъ дар боздошт аст. Дар он низоъҳо бештар аз 400 нафар ва аксаран ӯзбактаборони Қирғизистон кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG