Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар таркишҳои Фарёбу Қандаҳор ҳашт нафар кушта шуданд


Бар асари ду таркиш дар Афғонистон ҳашт нафар кушта ва бист тани дигар маҷрӯҳ шуданд.

Ба иттилоъи вазорати умури дохилии Афғонистон, имрӯз дар вилояти Фарёб бар асари таркиши бомби рӯи раҳ панҷ нафар ба ҳалокат расиданд.

Шоми гузашта бошад, дар шаҳри Қандаҳор як маргталаб мошини ҳомили маводи таркандаро мунфаҷир намуд. Дар ин ҳодиса се корманди ширкати хусусии муҳофизатӣ кушта шуда, бист нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Кушташудагон як корвони мошинҳоро раҳбаладӣ менамуданд, ки барои адои намози шом дар як мавзеъи шаҳр таваққуф кард.
XS
SM
MD
LG