Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти ду бародарзодаи Боқиев дар марзи Қазоқистон


Пайвандони Боқиев мавриди пайгарди қонун қарор доранд
Пайвандони Боқиев мавриди пайгарди қонун қарор доранд
Дар марзи Қирғизистону Қазоқистон ду бародарзодаи раисиҷумҳури пешини Қирғизистон Қурмонбек Боқиев боздошт шуданд.

Ба иттилоъи мақомоти ҳифзи тартибот, ҳангоми боздошт Асилбек, писари калонии Жаниш Боқиев, бо худ асноди тақаллубӣ дошт. Жаниш Боқиев, бародари президенти собиқ, дар ҳукумати Қирғизистон сарварии Хадамоти муҳофизати давлатиро бар ӯҳда дошт. Алайҳи Асилбек Боқиев парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Бародарзодаи дигари раисиҷумҳур - Нурсултони 12-сола ба хешовандонаш супурда шуд.

Раисиҷумҳури пешини Қирғизистон Қурмонбек Боқиев ва бародараш Жаниш дар ҳамдастӣ дар куштори оммавӣ ҳангоми намоишҳои эътирозии моҳи апрели соли гузашта дар Қирғизистон муттаҳам мешаванд.

Сарвари пешини кишвар ва чанд тан аз пайвандони ӯ аз Қирғизистон фирор кардаанд ва ҳоло мавриди кофтукоб қарор доранд.
XS
SM
MD
LG