Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти беҳосили шӯришиён бо тарафдорони Қаззофӣ


Нерӯҳои ҳукумати мувақаттии Либия мегӯянд, музокирот бо ҳаводорони Муаммар Қаззофӣ барои таслими шаҳри Бани Валид охирин такягоҳи ӯ бенатиҷа анҷом ёфтааст. Шӯрои миллии гузори Либия гуфт, музокирот ба хотири бидуни ҷанг ва хунрезӣ таслим шудани шаҳр рӯзи якшанбе бо қабиласолорҳо сурат гирифт, вале натиҷа надод. Бани Валид дар муҳосираи шӯришиён аст ва маълум нест, ҳамла барои ишғоли он сурат мегирад ё хайр. Пештар аз ин Мӯсо Иброҳим сухангӯи Муаммар Қаззофӣ гуфт, тарафдорони Қаззофӣ дар шаҳр таслим нахоҳанд шуд:“Шаҳри Бани Валид, шаҳри бисёр бузург ва муҳимест, маҳалли сукунати яке аз бузургтарин қабилаҳои Либия мебошад ва онҳо садоқати худро ба Қаззофӣ эълом кардаанд ва тамоми пешниҳодҳо барои музокирот бо шӯрои миллии гузорро рад карданд.“ Бино ба гузоришҳо, бисёре аз мансабдорони ҳукумати Қаззофӣ ва ё худи ӯ ҳам дар шаҳри Бани Волид паноҳ бурдаанд.
XS
SM
MD
LG