Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳокимаи Ҳуснӣ Муборак аз сар гирифта мешавад


Қарор аст, имрӯз муҳокимаи додгоҳии Ҳуснӣ Муборак, раиси ҷумҳури пешини Миср аз сар гирифта шавад. Мубораки 83-сола ба фасодкорӣ ва даст доштан дар қатли тазоҳургарон дар моҳи феврал муттаҳам мешавад, ки ин тазоҳурот ба ҳукумати 30-солаи ӯ дар Миср хотима дод. Баръакси ду даври пешин, муҳокимаи имрӯз мустақиман аз тариқи телевизион намоиш дода нахоҳад шуд. Ҳуснӣ Муборак, худро бегуноҳ медонад. Ба нишони ҳимоят аз раиси ҷумҳури пешини Миср як гурӯҳи 10 нафарии вакилони дифоъ аз Кувайт ба хотири дифоъ аз Ҳуснӣ Муборак дар додгоҳ ба Қоҳира омадаанд. Онҳо мегӯянд, ин корашон ба нишони эҳтиром ба Муборак аст, ки соли 1990 дар замони таҷовузи Ироқ аз Кувайт пуштибонӣ кард.
XS
SM
MD
LG