Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як ҳамдасти Лашкари Таййиба дар Вирҷиния


Як марди зодаи Покистон дар наздикии Вошингтон, пойтахти Амрико бо иттиҳоми ҳимоят аз гурӯҳи ҷангии Лашкари Таййиба боздошт шудааст. Муфаттишон мегӯянд, Ҷубайр Аҳмади 24-сола, ки дар шимоли Вирҷиния ба сар мебурд, дар айёми наврасӣ дар Покистон аз сӯи Лашкари Таййиба тамрин гирифта, як сол пеш як навори тарғиботии он гурӯҳро таҳия ва дар Youtube нашр кардааст.
Агар иттиҳоми кумак ба созмони террористии хориҷӣ собит шавад, Ҷубайр Аҳмад метавонад то 23 сол ҳукми зиндон бигирад. Лашкари Таййиба, ки алайҳи Ҳинд меҷангад, аз соли 2001 дар Амрико созмони террористӣ шинохта шудааст.
XS
SM
MD
LG